Эътирози баъзе аз номзадҳо ба вакилӣ дар Қирғизистон

Ойгул Қаробекова, яке аз номзадҳои норозӣ

Чанде аз довталабони курсии вакили порлумон дар Қирғизистон қарори Кумисюни марказии интихоботро ба додгоҳ кашидаанд.

Ин ниҳод рӯзи 3-юми декабр натиҷаи овоздиҳиро дар ҳавзаи 13 дар Қирғизистон бекор кард ва ҳамчунин гуфт, номзадҳои ин минтақа ҳаққи ширкат дар интихоботи такрориро нахоҳанд дошт. Тасмим баъди ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтан наворе эълон шуд, ки тибқи он дар дохили баъзе аз нуқтаҳои овоздиҳӣ телефонҳо овезон буданд.

"Шикояте набуд, чаро моро ҷазо медиҳанд?"

Яке аз номзадҳои норозӣ Ойгул Қаробекова гуфт: “Аз қарори Кумисюни интихобот ба додгоҳ шикоят мекунам. Худи мо ҳам нафаҳмидем, ки чӣ гузашт. Ин 35 телефон ба мо ҳеч дахл надорад. Аз болои мо шикояте набуд, пас, чаро моро ҷазо медиҳанд? Ман қонунро вайрон накардаам."

Мунора Маматалиева, номзади дигар аз ҳамин ҳавза бо Қаробекова ҳамфикр аст: "Аз рӯи қонун, фақат бояд онҳоеро дур мекарданд, ки амалашон боис ба беэътибор дониста шудани интихобот гаштааст. Афсӯс, Кумисюни марказӣ қароре баровард, ки ҳеч як аз 14 номзад дигар иштирок карда наметавонад. Ин ҷо гап фақат дар бораи номзадҳо не, дар бораи ҳазорҳо овоздиҳанда меравад. Ҳаққи шаҳрвандон набояд поймол шавад."

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Эътирози баъзе аз номзадҳо ба вакилӣ дар Қирғизистон

Абдуҷаббор Бекматов, як узви Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон ба қонунӣ будани қарор бовар дорад. Ӯ мегӯяд, баробар бо насби телефонҳо, дигар мавридҳои қонунвайронкунӣ ҳам буд, мисли мудохила ба ҷараёни овоздиҳӣ, маҳдудкунии овоздиҳӣ ва монеъ шудан ба кори кумисюни интихоботӣ.

Бекматов афзуд, "Додгоҳ метавонад қарори кумисюнро бекор кунад. Аз 14 номзад, агар ҳар касе ба қонунвайронкуниҳое, ки ман гуфтам, ҳеч дахл надорад, метавонад аз ҳаққи худ истифода ва барои бекор кардани қарор муроҷиат кунанд. Қарори мо ин аст, ки ҳеч кадомашон дигар иштирок карда наметавонанд. Мо санадҳоро ба ниҳодҳои дахлдор супурдем."

Баъди бекор кардани натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ҳавзаи 13-ум дар шабакаҳо даъвати наве барои санҷидани ҳавзаҳои дигар ҳам пайдо шуд. Ҳуқуқшинос Таалайкул Тӯхтакунова мегӯяд, қарори маҳрум кардани ҳамаи номзадҳо аз идомаи ширкат дар интихобот дуруст аст.

"Сирри овоздиҳиро вайрон кардаанд"

Ӯ афзуд: "Қонуни конститутсионӣ ҳаст. Дар он мушаххас навишта шудааст, ки вақте интихоботи такрорӣ барпо мешавад, кӣ ҳаққи ширкат дораду кадоме не. Дар 35 нуқта фаъолияти ғайриқонунӣ ошкор шудааст. Агар натиҷаи овоздиҳӣ дар сеяки нуқтаҳо ғайриқонунӣ дониста шуданд, натиҷаҳои тамоми ҳавза беэътибор дониста мешавад. Кумисюни марказии интихобот дуруст амал кард."

30-юми ноябр, дар рӯзи интихоботи порлумонии Қирғизистон, як видеои аз овоздиҳӣ дар ҳавзаи 13-ум нашр шуд, ки дар он дида мешавад: як телефони мобил дар рӯи қуттии овоздиҳӣ овезон асту ҷараёни раъйдиҳиро сабт мекунад. Дар ин сабт касоне, ки телефонро овезон мекунанд, мегӯянд, ба манфиати номзад Бахтибек Сиддиқов ин корро мекунанд, чун ӯ дар ин ҳавза пешгом буд.

Пас аз он Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, чунин телефонҳо дар 35 нуқтаи овоздиҳӣ гузошта шуд ва онҳо раъйдиҳандагонро сабт кардаву сирри овоздиҳиро вайрон кардаанд. Дар умум дар як ҳавзаи 13-ум 94 нуқтаи овоздиҳӣ амал мекард.

Талоши фаҳмидани мавқеи худи Бахтибек Сиддиқов бенатиҷа буд, вале дар саҳифаҳои иҷтимоии ӯ воқеа “туҳмат” номида шудааст. Бахтибек Сиддиқов, номзади барканоршуда, аз ҷумла навиштааст: “Мубориза ҳақиқӣ ва одилона буд. Ман беш аз 19 ҳазор овоз гирифтам ва ҷои сеюмро ба даст овардам. Ин сеюмин натиҷаи беҳтарин дар кишвар мебошад. Афсӯс, бархе номзадҳо маро бадном ва тавассути Кумисюни марказии интихобот аз ғалаба маҳрум карданд…"

Пештар Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, дар пайи интихоботи порлумонӣ алайҳи 12 нафар бо иттиҳоми харидани раъй нуҳ парванда тартиб дод. Натиҷаҳои ниҳоии интихобот бояд то 14-уми декабр эълон шаванд.