Манъи ҳиҷоб дар мактабҳои миёна сабаби эътирозҳо дар шаҳри Боку ва минтақаҳои дигари Озарбойҷон шудааст. Вазорати корҳои дохилии ин кишвар рӯзи 12-уми октябр аз боздошти тақрибан чиҳил нафар хабар дод ва онҳоро ба вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ муттаҳам донист.
Ҳукумати Озарбойҷон дар охири моҳи сентябр қоидаҳои либоспӯширо дар мактабҳои миёна дигар кард. Тибқи тартиби нав, хонандагон набояд либосеро бипӯшанд, ки аз либоси ягонаи мактабӣ фарқ кунад ё бо усули дунявии маориф мухолиф бошад.
Дар тағйирот мушаххас гуфта нашудааст, ки сухан дар бораи кадом навъи либос меравад, аммо сокинони Боку ва минтақаҳои дигари Озарбойҷон дар аввали моҳи октябр шикоят карданд, ки духтарон ва омӯзгорони ҳиҷобдорро ба дарсҳо роҳ намедиҳанд.
Баъзе аз хонандагон ва волидони онҳо бо нишони эътироз аз тасмими ҳукумат дарсҳоро таҳрим карда, садҳо нафар, аз ҷумла омӯзгорону фаъолони иҷтимоӣ ва шахсиятҳои динӣ ба эътирозҳо пайвастаанд.
Онҳо даъво доранд, ки роҳ надодани духтарони ҳиҷобдор ба дарс ҳуқуқи кӯдаконро ба таҳсил поймол мекунад.
Чанде аз норозиён тирезаи мактабҳоро шикаста, мошини мудири як муассисаи таълимиро оташ задаанд. Мақомоти корҳои дохилии Озарбойҷон гурӯҳе аз эътирозгаронро дастгир ва алайҳи онҳо бо гумони нақзи дастҷамъонаи тартиботи иҷтимоӣ парванда боз карданд.
Озарбойҷон бар пояи Қонуни асосияш давлати дунявӣ аст ва банди 18-уми он хусусияти дунявии таҳсилро дар ин кишвар тасдиқ мекунад.
Дар айни замон, ба андешаи норозиён, манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ҳуқуқи шаҳрвандонро ба озодии дин, ки он ҳам дар Қонуни асосӣ зикр шудааст, нақз мекунад.
Мактабҳои Озарбойҷон дар гузашта ҳам барои манъи либоси мазҳабӣ бо эътирозҳо рӯ ба рӯ шудаанд. Дар эътирозҳои густурда дар солҳои 2010-2011 дар ин кишвар беш аз 200 нафар, аз ҷумла шахсиятҳои мазҳабии мухолиф, боздошт шуда буданд.