То поёни омӯзиши Зуҳро ҳамагӣ чанд моҳ монда буд, ки ҳукумати “Толибон” таҳсили занон ва духтаронро дар донишгоҳҳои Афғонистон манъ кард. Ӯ дар бахши пизишкӣ дар Кобул мехонд. Аъзои хонаводаи Зуҳро ба Эрон кӯчид, то ӯ ва хоҳараш ба таҳсили худ идома диҳанд, аммо ҳоло, бо гузашти чор сол, ҳеч кадоме аз онҳо натавонистаанд ба орзуи худ расанд.
Зуҳро дар гуфтугӯи телефонӣ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ аз Теҳрон гуфт, “муҳлати раводид (виза)-и мо бисёр зуд тамом шуд. Азбаски иҷозаи қонунии иқомат надоштем, ба мо ҳаққи таҳсил надоданд.” Номи воқеии Зуҳро, монанди дигар занони афғонистонӣ, ки дар ин гузориш бо онҳо суҳбат шудааст, ба далелҳои амниятӣ навишта намешавад.
Ӯ афзуд: “Ба ҳар ҷо дар Эрон барои идомаи таҳсил муроҷиат кардем, ҷавоби манфӣ гирифтем. Танҳо ман нестам, ки ин душвориро дорам. Духтарони зиёди афғонистонӣ дар инҷо бо ҳамин мушкил рӯбарӯянд.”
Инро ҳам бинед:
"Пайвандонам аз тарс меларзанд." Мактаби махфии духтаронСадҳо духтари афғонистонӣ ба мисли Зуҳро барои идомаи омӯзиш ба Эрон ва Покистон рафта, вале ҳоло дар ин ду кишвари ҳамсоя низ бо монеаҳои рӯзафзуне дучор ҳастанд. Сахтгирии Эрону Покистон дар мавриди иқомат ва ихроҷи густардаи шаҳрвандони Афғонистон имкони идомаи таҳсилро барои бисёре аз ин духтарон маҳдудтар намудааст.
Дарҳои баста
Гурӯҳи тундгарои “Толибон” моҳи марти соли 2022 таҳсили духтаронро баъд аз синфи шашум дар Афғонистон манъ кард ва моҳи декабри ҳамон сол дари донишгоҳҳоро ба рӯйи занону духтарон низ баст. Иштироки занон дар давраҳои омӯзиши тиббӣ ё пизишкӣ моҳи декабри соли 2024 мамнуъ шуд.
Созмони Милал тобистони имсол эълон кард, ки аз замони бозгашти “Толибон” ба қудрат (августи соли 2021), ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор духтар дар Афғонистон аз таҳсил дар мактабҳои миёна маҳрум мондаанд.
Руъё, духтари дигари афғонистонӣ, ки дар Теҳрон зиндагӣ мекунад, гуфт, ҳудуди чаҳор сол пеш кишварашро тарк кард, чун намехост аз таҳсил маҳрум шавад. Ӯ ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамеша мехостам дарс бихонам, дипломи олӣ бигирам ва дар зиндагиям коре бикунам. Барои ҳамин аз кишварам рафтам.”
Ин духтари афғонистонӣ барои идомаи таҳсил ба чанд донишгоҳи Эрон дархост дод, аммо чун иҷозаи иқомати қонунӣ надошт, посухи рад гирифт. Зуҳро ва Руъё мегӯянд, ҳар рӯз нигарони ихроҷ аз Эрон ҳастанд.
Соли 2025. Ҳудуди 1 миллиону 900 ҳазор муҳоҷири афғон аз Эрон ба кишварашон бозгаштанд. Аз ин ҳисоб 1 миллиону 260 ҳазор нафари онҳо ихроҷ карда шудаанд. Ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Эрон дар соли 2026 низ идома ёфт. Бар асоси омори Созмони Милал, то 12-уми октябри имсол наздик ба 492 ҳазору 300 афғонистонӣ аз Эрон ихроҷ шудаанд.
Бо ин ҳол, баъзе аз мансабдорони Ҷумҳурии Исломӣ гуфтаанд, роҳи таҳсил барои кӯдакони афғонистонӣ дар Эрон пурра баста нашудааст. Нодир Ёраҳмадӣ, раиси Маркази кор бо хориҷиён ва муҳоҷирон дар Вазорати умури дохилии Эрон, моҳи сентябр ба хабаргузории “Тасним” гуфт, кӯдакони афғонистонӣ дар сурате ки волидонашон иҷозаи иқомат дошта бошанд, метавонанд дар мактабҳо сабтином кунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
“Шояд дигар тирпаронӣ нест, аммо духтарон эҳсоси амният намекунанд”Рӯзномаи англисизабони “Теҳрон Таймз” низ гузориш додааст, ки кӯдакони афғонистонӣ метавонанд бидуни пардохти изофии моҳона дар канори донишомӯзони эронӣ таҳсил кунанд.
Бо ин ҳама, муқаррароти сабтиноми донишомӯзони хориҷӣ сахтгирона аст. Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон гуфтааст, шаҳрвандони хориҷӣ бояд иҷозаи расмии иқомат дошта бошанд, дар мактабҳои маҳдуди маҳалли зисти худ номнавис шаванд ва аз ниҳодҳои масъули умури муҳоҷирон муаррифинома бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки Зуҳро ва Руъё мегӯянд, надоштани иҷозаи иқомати қонунӣ роҳи онҳоро ба донишгоҳҳои Эрон бастааст. Бисёре аз афғонҳое, ки дар солҳои охир вориди Эрон шудаанд, акнун бо санадҳои муҳлаташ гузашта зиндагӣ мекунанд ва мегӯянд, дарёфти иҷозаи иқомати қонунӣ тақрибан номумкин шудааст.
Сарнавишти монанд дар Покистон
Нилуфар дар соли охири мактаб дар Афғонистон дарс мехонд, ки маҳдудиятҳои “Толибон” монеи идомаи таҳсили ӯ шуд. Барои ҳамин, ҳамроҳи пайвандонаш ба Покистони ҳамсоя рафт, аммо чун натавонист иҷозаи иқомат бигирад, ба сабтином дар мактаб муваффақ нашуд.
Ҳоло ӯ танҳо дар як синфи забони англисӣ ширкат мекунад, ки барои сабтином дар он ниёзе ба пешниҳоди корти шиносоӣ надорад. Вай дар маҳаллаи маъруф ба “Ҳазора Таун” дар шаҳри Кветта, маркази вилояти Балучистони Покистон, зиндагӣ мекунад.
“Ба Покистон омадам, то дарс бихонам. Ҳоло танҳо коре, ки аз дастам меояд, ин аст, ки гоҳе дар давраҳои омӯзишӣ ширкат кунам," – нақл кард ӯ.
Маҳдудиятҳои будубош дар Покистон ҳатто ба донишҷӯёни афғонистонӣ, ки пештар дар донишгоҳҳои ин кишвар мехонданд, таъсир гузоштааст. Садҳо донишҷӯи афғони риштаи пизишкӣ дар Покистон, аз ҷумла шумори зиёде аз занон, бо хатари маҳрумӣ аз идомаи таҳсил рӯ ба рӯ ҳастанд.
Шӯрои тиббӣ ва дандонпизишкии Покистон аз ин донишҷӯён хостааст, ба Афғонистон бозгарданд ва ба донишкадаҳо низ дастур додааст, ки дар соли таҳсили ҷорӣ заминаи сабтиноми онҳоро фароҳам накунанд. Ин донишҷӯён акнун барои идомаи таҳсили худ талош мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Қонуни нави Толибон, ки издивоҷ бо кӯдаконро иҷоза медиҳадДодгоҳҳои Покистон барои пешгирӣ аз ихроҷи фаврии ин донишҷӯён ҳукмҳои муваққатӣ содир кардаанд, аммо ояндаи таҳсили онҳо ҳамчунон номуайян аст. Мақомот дар Покистон мегӯянд, афғонҳое, ки виза, ҳуҷҷати иқомат ва корти шиносоии маҳаллӣ дошта бошанд, метавонанд дар мактабу донишгоҳҳои ин кишвар бихонанд.
Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ин сиёсат ба мушкили касоне, ки ба далели таъхирҳои идорӣ ё лағви вазъияти паноҳандагӣ, аз визаи расмӣ маҳрум ҳастанд, ҷавобгӯ нест.
Чанд муҳоҷири афғон ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, аз замоне ки давлати Покистон дар соли 2023 мавҷи наве аз бархӯрд бо афғонҳои бидуни ҳуҷҷати иқоматро оғоз кард, ҳамвора нигарони боздошт дар амалиёти полис ҳастанд.
Бар асоси гузориши муштараки Кумисари олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони байналмилалии муҳоҷират, аз моҳи сентябри 2023 то 16-уми майи 2026 беш аз 2 миллиону 390 ҳазор афғон аз Покистон ба кишварашон баргаштаанд.
Нилуфар мегӯяд, "агар дар ин чор-панҷ сол ба таҳсил идома медодам, ҳоло дар соли чаҳоруми донишгоҳ будам." Ӯ таъкид мекунад, ки давраи омӯзиши забони англисӣ "наметавонад ҷойи мактабро бигирад."