Эрону Исроил ҳамлаҳоро ба ҳамдигар бас карданд

Лубнон, 7-уми июни 2026

Як мансабдори Исроил гуфтааст, кишвараш бо дархости Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳамлаҳоро ба Эрон боздошт. Ҳамзамон низомиёни Эрон рӯзи 8-уми июн эълон карданд, ки ҳамлаҳои нави онҳо ба Исроил пас аз оташбаси моҳи апрел ба поён расид.

Оғози дубораи ҳамлаҳо нархи нафтро дар ҷаҳон тақрибан 4 дарсад боло бурд ва талошҳои Амрикоро барои миёнаравӣ дар заминаи дастёбӣ ба созиш барои хатми ҷанг зери хатар гузошт.

Видеоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дудеро нишон медиҳанд, ки пас аз ҳамлаи Исроил ба як корхонаи нафту кимиё дар Моҳшаҳр, воқеъ дар ҷанубу ғарби Эрон, ба ҳаво мепечад. Исроил мегӯяд, ин корхона барои тавлиди мушакҳои баллистикӣ истифода мешуд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон эълон кард, ки дар посух ба ин ҳамла як таъсисоти Исроилро дар шаҳри Ҳайфа ҳадаф гирифт. Дар ҳамин ҳол, бо садо додани бонги хатар аз ҳамлаи ҳавоӣ ва парвози мушакҳои раҳгир, исроилиён ба паноҳгоҳҳо шитофтанд.

Дар ҳамлаҳои мушакии Эрон дар наздикии шаҳри Ориҳо дар як маҳаллаи ишғолӣ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун як мушак ба замин афтода, ба хонае дар шаҳраки яҳудинишин осеб расонидааст. Як мақоми низомии Исроил гуфт, ки Эрон аз шоми якшанбе "тақрибан 30 мушаки баллистикӣ" ба сӯи Исроил партоб кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Исроилу Эрон ҳамла ба якдигарро бас карданд

Дархости Трамп барои қатъи низоъ пас аз он садо дод, ки ӯ аз Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил хост, аз ҳамлаҳои бештар худдорӣ кунад.

Трамп гуфт, мехоҳад аз халалдор шудани музокироти сулҳ бо Теҳрон пешгирӣ кунад. Музокироте, ки ҳадафаш хатми низои беш аз семоҳа аст. Ҷанг дар охири моҳи феврал, пас аз ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон оғоз шуда буд.

Бо вуҷуди оташбасе, ки дар моҳи апрел ба даст омад, нерӯҳои Исроил ҷангро бо "Ҳизбуллоҳ"-и зери ҳимояти Эрон дар Лубнон идома доданд ва "Ҳизбуллоҳ" низ партоби мушакҳоро ба Исроил қатъ накард.

Эрон таъкид дошт, ки созиши оташбас Лубнонро низ дар бар мегирад.

"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.

Доналд Трамп ба Исроил фишор овардааст, ки ҳамлаҳояшро дар Лубнон бас кунад, то барои созиши хатми ҷанг бо Эрон замина фароҳам шавад.

Як телевизиони Исроил рӯзи душанбе аз қавли мақоми баландпояе гузориш дод, ки Исроил бо дархости Трамп ҳамлаҳоро ба Эрон боздошт.

Сухангӯйи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи душанбе гуфт, Амрико дар ҳар гуна иқдоми Исроил барои ҳамла ба Эрон "масъулияти мустақим" дорад.