Эрон қарори манъи хариду воридоти iPhone-ҳои навро бекор кард

Мақомоти Эрон рӯзи 30-юми октябр гуфтанд, ки қарорро дар бораи манъи хариду воридоти iPhone-ҳои нав бекор кардаанд. Ин мамнӯъият барои зиёда аз нуздаҳ моҳ дар Эрон иҷро шуд.

Саттор Ҳошимӣ, вазири иртибототи Эрон, дар саҳифааш дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки онҳо ба зудӣ муқаррароти навро дар бораи воридоти телефонҳои iPhone эълон хоҳанд кард.

Ӯ дар ин бора ҷузъиёт надод, аммо гуфт, ки ин иқдом ба хотири ҳимоят аз Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, сурат гирифтааст.

Давлати Эрон, ки ба далели таҳримҳои байнулмилалӣ ба вазъи бади иқтисодӣ дучор шудааст, бо ҳадафи маҳдуд кардани харҷи асъор дар моҳи феврали соли 2023 воридот ва хариди телефонҳои iPhone 14 ва 15-ро мамнуъ эълон карда буд.