Мақомоти Эрон бо низомиҳои Нигерия, ки қудратро дар даст доранд, дар бораи гирифтани 300 тонна консентрат ё маъдани ғанишудаи уран пинҳонӣ гуфтугӯ мекунанд.
Ин хабар дар охири моҳи апрели имсол дар нашрияи "Africa Intelligence" нашр шуд ва онро манбаъҳои расонаии фаронсавии "Le Monde" тасдиқ кардаанд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, хадамоти махсуси Фаронса ва Амрико ошкор кардаанд, ки Эрон мехоҳад ба тақрибан 56 миллион доллар аз Нигерия маъдани уран ворид кунад.
Бино ба хабарҳо, гуфтугӯи мақомоти Нигерия ва Эрон дар моҳи феврали имсол гузаштааст.
Мақомоти Нигерия гуфтаанд, то ҳол дар ин замина созише ҳосил нашудааст. Мақомоти Эрон хабарро шарҳ намедиҳанд.