Эрон мегӯяд, ба як пойгоҳи Амрико ҳамла кардааст

Як киштии ҷангии Амрико дар наздикии тангии Ҳурмуз

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 28-уми май гуфт, ки як пойгоҳи ҳавоии Амрикоро дар минтақа ҳадаф гирифтааст.

Хабаргузории "Тасним", наздик ба ин нерӯҳои низомии Эрон, навиштааст, ки амалиёт пас аз ҳамлаи субҳи зуди Амрико ба наздикии фурудгоҳи Бандар-Аббос дар ҷануби Эрон сурат гирифт. Ҳарчанд макони пойгоҳро нагуфтаанд, аммо артиши Кувайт эълон кард, ки нерӯҳои ҳавоии ин кишвар рӯзи 28-уми май ҳамлаҳои "душманона"-и мушакӣ ва паҳподиро рафъ кардаанд.

Пеш аз ин мақомоти Амрико рӯзи 27-уми май хабар доданд, ки нерӯҳои низомии кишвар ба як ниҳоди низомии Эрон зарба зада, чанд паҳподро дар наздикии тангии Ҳурмуз маҳв кардаанд. Ҳамлаҳои нав дар ҳоле рух медиҳанд, ки нишонаҳое аз пешрафт дар талошҳои дипломатӣ барои поён додан ба ин муноқиша ба назар мерасанд.

Киштиҳо дар наздикии тангии Ҳурмуз

Мақомоти баландпояи Амрико, ки нахостаанд номашон фош шавад, ба хабарнигорон гуфтанд, ки пойгоҳи мавриди ҳадаф метавонист, барои нерӯҳои амрикоӣ ва киштиҳои тиҷоратӣ дар ин оброҳаи стратегӣ хатар эҷод кунад. То оғози ҷанг дар охири моҳи феврал, 20 дар сади нафту гази ҷаҳон аз ҳамин роҳ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мерасид.

Як мақом гуфтааст, нерӯҳои Амрико чаҳор паҳподи қотили Эронро сарнагун кардаанд ва ба як маркази фармондеҳии заминӣ дар шаҳри соҳилии Бандар-Аббос, ки ба партоби паҳподи дигар омодагӣ медид, зарба заданд. Бандар-Аббос дар ҷануби Эрон, дар соҳили тангии Ҳурмуз, яке аз муҳимтарин роҳҳои киштиронии ҷаҳон воқеъ аст.

Мақоми амрикоӣ гуфтааст, "паҳподҳои эронӣ дар атрофи тангӣ ва ё гулӯгоҳи Ҳурмуз таҳдид эҷод мекарданд". Ӯ афзудааст, ки "ин амалкардҳо мутаносиб, комилан мудофиавӣ ва бо ҳадафи ҳифзи оташбас сурат гирифтаанд".

Баъдан Фармондеҳии марказии Амрико бо нашри баёния ва тасдиқи ҳамлаҳо гуфт, паҳподҳои қотили Эрон дар атрофи Ҳурмуз "таҳдид эҷод мекарданд" ва зарбаҳо барои нигаҳдории оташбас будаанд.

Доналд Трамп

Дар ин байн Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар посух ба суоле дар бораи эҳтимоли таҳримҳои зидди Эрон ва фурӯши нафти он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба хабарнигорон гуфт: "На, мо дар бораи ҳеч сабукӣ дар таҳримҳо ё додани пул гап намезанем. На таҳримро лағв мекунем, на пул медиҳем, на чизи дигар. Мо пулҳоеро, ки онҳо даъво доранд, аз онҳост, зери назорат дорем хоҳем дошт. Ҳар вақте рафтори дуруст кунанд ва кори лозимиро анҷом диҳанд, мо иҷозат медиҳем, пулашонро бигиранд. Аммо ҳоло ин корро намекунем.

Расонаҳои Эрон рӯзи 27-уми май аз вуқӯи ду ҳодиса дар бандари Асалуя ва Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии Теҳрон хабар доданд.

Бино ба гузориши онҳо рӯзи 27-уми май, бар асари ҳодисае дар бахши тавлиди оксигени ширкати "Дамованд Энержӣ" дар Асалуя, камаш як нафар ҷон бохта, ду тани дигар захмӣ шудаанд. Бандари Асалуя маркази маҷмааи бузурги газу нафтукимиёи "Порси Ҷанубӣ"-и Эрон ба шумор меравад. Ширкати "Дамованд Энержӣ" таъминкунандаи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла оксиген, барои иншооти нафтукимиёи ин минтақа аст.

Ҳамлаҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки Вашингтон ва Теҳрон бо ҳадафи мӯътадил кардани вазъ пас аз чанд моҳи муноқиша дар минтақа, музокиротро давом медиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафири пешини ИМА: Бунбаст, хушбинӣ ва имкони созиши Амрико ва Эрон

Аввали ҳамин ҳафта низ Амрико эълон кард, ки ба қаиқҳое, ки гӯё мехостанд, дар тангии Ҳурмуз мина гузоранд, зарба задааст. Эрон ин амалиётро маҳкум кард ва онро вайрон кардани созиши оташбаси осебпазир хонд.

Даргириҳои охир нишонаи идомаи вазъи ноором дар минтақаи Халиҷи Форсанд. Ин дар ҳолест, ки Доналд Трамп, президенти Амрико дар изҳороти худ ба пешрафт дар талошҳои дипломатӣ барои дастрасӣ ба як созиш ишора кард. Иёлоти Муттаҳида ва Эрон тавассути миёнаравони покистонӣ тарҳҳои пешниҳодии худро ба якдигар мефиристанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп мегӯяд, муҳосираи Ҳурмуз баъди имзои созиш рафъ хоҳад шуд