Тими миллии футзали Эрон, ки дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи мунтахаби Индонезияро аз рӯйи силсилазарбаҳои пеналти бо ҳисоби 5:4 (замони асосӣ ва изофа – 5:5) шикаст дод, бори чордаҳум ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт.
Бозии ниҳоӣ миёни тимҳои миллии Эрон ва Индонезия рӯзи 7-уми феврал дар варзишгоҳи “Индонезия Арена”-и шаҳри Ҷакарта пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.
Замони асосии дидор бо ҳисоби мусовии 4:4 хотима ёфт. Замони изофа (ду қисми 5-дақиқаӣ) таъйин шуд. Дар қисми дуюми замони изофа аввал мизбонон, сипас меҳмонон якголӣ ба самар расонданд. Ҳисоб баробар шуд – 5:5. Дастаи ғолибро силсилазарбаҳои пеналти муайян намуд. Кори футзалбозони эронӣ омад кард ва онҳо бо ҳисоби 5:4 пирӯз шуданд.
Ба ин тартиб, тими миллии футзали Эрон зери раҳбарии сармураббӣ Воҳид Шамсаӣ бори 14-ум Ҷоми Осиёро ба даст оварда, бо медалҳои тилло сарфароз гашт.
Тими миллии футзали Индонезия, ки бо роҳбарии сармураббӣ Ҳектор Соуто, мутахассиси испанӣ, бори аввал ба финали Ҷоми Осиё роҳ ёфт, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд.
Барои довари 36-солаи FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) аз Тоҷикистон Суҳроб Сатторов фаъолият дар Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия аввалин таҷриба дар чунин сатҳ буд. Ӯ шаш бозӣ, аз он ҷумла финали мусобиқаро ҳамроҳ бо довари чинӣ Лю Чжиакао ҳакамӣ карда, бо ҷоизаи AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) сарфароз гашт.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дар Индонезия бо иштироки 16 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ сурат гирифт. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ - Индонезия ва Ироқ аз гурӯҳи “А”, Тайланду Ветнам аз гурӯҳи “В”, Ҷопон ва Узбекистон аз гурӯҳи “С”, Эрону Афғонистон аз гурӯҳи “D” – ба плей-офф роҳ ёфтанд.
Аммо тими миллии футзали Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов, ки дар гурӯҳӣ “С” бо ду имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт, аз ҳаққи ширкат дар плей-оффи мусобиқа маҳрум гашт.
Мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок кард. Футзалбозони тоҷик дар мусобиқаи соли 2024 дар Тайланд ҷойи чаҳорумро соҳиб шуда буданд, ки ин натиҷаи беҳтарин дар таърихи мунтахаби кишвар мебошад.
Ҷоми футзали Осиё сар аз соли 1999 бори 18-ум сурат гирифт. Танҳо ду тими миллӣ – Эрон ва Ҷопон – ба дарёфти унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудаанд. Эрониҳо 14 бор ва ҷопониҳо 4 бор бо медалҳои тиллои қаҳрамонии Осиё сарфароз гаштаанд.
Ҷоми футзали Осиё-2026
ФИНАЛ
7-уми феврал (шанбе)
Индонезия – Эрон – 5:5 (4:5 – аз рӯйи пеналти)
Ҷакарта. Варзишгоҳи “Индонезия – Арена”