Эрон аз ҷалби наврасон ба "ҳимояи ватан" хабар дод

Наврасони силоҳбадаст дар блокпост ё дидбонгоҳҳо мушоҳида шудаанд.

Мақомоти Эрон хабар доданд, ки барои ҳифзи амнияти кишвар ба ҷалби ихтиёриён, аз ҷумла наврасони болотар аз сини 12-сола, оғоз кардаанд.

Дар пасманзари кушта шудани як писарбачаи 11-сола дар Теҳрон дар пайи ҳамлаи ҳавоӣ таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин мавзӯъ равона шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ навиштанд, ки Алиризо Ҷаъфарии наврас ҳангоми навбатдорӣ дар як блокпост ё дидбонгоҳ ҳамроҳ бо падараш ҳадафи ҳамлаи бесарнишин қарор гирифт.

Ба далели камбуди нерӯ дар ин нуқта падараш ӯро ба кор ҷалб кардааст.

Дар ҳамин ҳол Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, аз оғози барномаи нави низомии “Ҳомии ватан. Барои Эрон” хабар дод. Тибқи ин барнома, наврасони аз 12-сола боло низ метавонанд ба хидмат ҷалб шаванд.

Ба иттилои Сипоҳи посдорон, сарбозони наврас барои навбатдорӣ дар дидбонгоҳҳои назоратӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Шоҳидон дар Теҳрону Караҷ мегӯянд, дар роҳҳо наврасони силоҳбадаст мушоҳида мешаванд.

Созмонҳои ҷаҳонии ҳомии ҳуқуқ ин амали Эронро шадидан маҳкум намуда, онро “нақзи ҳуқуқи кӯдак” ва “ҷинояти ҷангӣ” номидаанд.