Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, қариб шаш ҳазор ҷавони тоҷик дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабаргузории чинии Синхуа аз он тавсиф кардааст, ки дар Тоҷикистон "барои омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ шароит" фароҳам шудааст.
Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон қабл аз сафараш ба Чин садо дод. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон 11-уми май ба Чин рафт ва қарор аст се рӯз онҷо монад. Расонаҳои Тоҷикистон аз имзои қариб 30 созишнома бо ширкатҳои чинӣ хабар доданд, аммо шарту шароити ин созишҳо рӯшан нест.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки имрӯз 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон узви шабакаи донишгоҳҳои Созмони ҳамкории Шанхай буда, дар 13 донишгоҳи мо омӯзиш аз рӯйи ихтисоси забони чинӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба гузориши пойгоҳи China Media Group, ҳаҷми тиҷорати байни ду кишвар дар чормоҳаи аввали соли 2026 ба 790 миллион расидааст, ки дар қиёс ба як соли пеш панҷоҳ дарсад зиёд аст.
Чин сармоягузори муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳамзамон бо ёриҳои афзоянда, ба бовари мунаққидон, вобастагии сиёсию молии Душанбе аз Пекин ҳам афзун мешавад.