Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи 11-уми май бо сафари давлатӣ ба Чин рафтааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон бо нашри ин хабар гуфт, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раиси ҷумҳур дар умури робитаҳои хориҷӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон ба Чин рафтаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин то 14-уми май идома мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пештар гуфта буд, дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Чин баррасии "ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, саноат, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ" дар назар аст.
Чин аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва Душанбе аз Пекин бештар аз 700 миллион доллар қарздор аст. Қарзҳои зиёди Чин қаблан нигарониҳоеро ба миён овардааст.
Ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи сарватҳои табии Тоҷикистон ҳузури густурда доранд. Ду ширкати чинӣ “Зарафшон” ва “Покруд” 84 дарсади захираҳои тилои солонаи Тоҷикистонро истихроҷ мекунанд.
Пойбандии ҳарчи бештари иқтисодии Тоҷикистон аз Чин ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки Душанбе дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Пекин хоҳад гашт.
Тоҷикистон ва Чин тақрибан 500 километр марзи муштарак доранд.