Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон сафар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо сафари давлатӣ ба Қирғизистон меравад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 11 март хабар дод, ки ин сафар рӯзҳои 12-13 март сурат мегирад.

Ба иттилои манбаъ, сарони ду кишвар пас аз дидору гуфтугӯҳо, чанд санад имзо хоҳанд кард. Дар хабари расмӣ, ҷузъиёти бештар дода нашудааст.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Аврупои Озодӣ/Радиои Озодӣ, дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов созишнома дар бораи муайян кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистонро имзо кунанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳанӯз 21 феврали имсол санад ё протоколи ниҳоии муайянсозии марзи ду кишварро имзо карданд. Қамчибек Тошиев ва Саймумин Ятимов, роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар санадҳоро имзо карданд.

Порлумони Қирғизистон 27 феврал ин созишномаро баррасӣ ва тасвиб кард. Дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар порлумони Тоҷикистон, маълумоте дар даст нест.

Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд. Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби даргириҳои хунин шуд ва аз ҳарду ҷониб даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.