Нишони дараҷаи як. Эмомалӣ Раҳмон ба писараш ҷоиза дод

Эмомалӣ Раҳмон бо писараш Рустами Эмомалӣ. Шаҳри Душанбе, 28-уми августи 2026.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллиро бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кардааст.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ рӯзи 28-уми август хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ "барои дастовардҳои баланди меҳнатӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи кишвар ба ин ҷоиза сарфароз гашт."

Бо орден ё нишони дараҷаи яки Исмоили Сомонӣ асосан раҳбарони кишвару ҳукуматҳо, порлумонҳои хориҷӣ ва он мақомоти давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд, ки барои рушди давлатдорӣ ва муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми зиёд гузоштаанд.

Инро ҳам бинед:

"Овозаи Рустам беҳ аз Рустам"? Чаро даҳҳо имтиёз низ шаҳрдори ҷавонро комёб намекунанд?

Тақдими ҷоизаҳо ба кормандони давлатии Тоҷикистон рӯзи 28-уми август ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли кишвар сурат гирифтааст. Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон 9-уми сентябр таҷлил мешавад.

Дар аксҳое, ки дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ нашр кард, дида мешавад, ки Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ва ҳам ҷоиза гирифтааст.

Инчунин, Абдумаҷид Достиев, вакили бонуфузи собиқи порлумон ва Маҳмасаид Убайдуллоев, шаҳрдори собиқи Душанбе ва аз ҳамсафони пешини Эмомалӣ Раҳмон дар ин аксҳо дида мешаванд.

Хабари тақдими орден ё нишон ба Рустами Эмомалӣ то кунун дар шабакаҳои иҷтимоӣ бозтоби густурда доштааст. Гурӯҳе, бавижа ҷонибдорони ҳукумат, онро дурусту арзанда донистаанд, аммо намояндагони мухолифон дар навиштаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар суҳбат бо Радиои Озодӣ онро танқид карданд.

Илҳомҷон Ёқубов, як намояндаи мухолифин, рӯзи 28-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ҳама медонанд, ки Рустами Эмомалӣ ба мардум ва миллати тоҷик ягон қаҳрамонӣ ё хидмати шоистае анҷом надодааст. Бубинед, масъалаи барқ то худи пойтахт расидааст ва ҳалли худро наёфтааст. Аммо президент бо ин амалаш мехоҳад ӯро аз чеҳраҳои асосии ояндаи давлат нишон диҳад."

Абдусаттор Бобоев, яке дигар аз фаъолони мухолифон, дар паёми видеоӣ ба Радиои Озодӣ айни назарро баён кард: "Ин як паёми ҷаноби Раҳмон ба мардум, доираҳо ва сохторҳои махсус аст, ки хоҳед ё нахоҳед Рустами Эмомалӣ дар оянда раисҷумҳури шумо хоҳад буд."

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳмон ба писараш ҷоиза дод. Вокуниши мухолифон

Бори аввал нест, ки раисҷумҳури Тоҷикистон пайвандонашро бо нишонҳои баланд қадрдонӣ мекунад. Дар соли 2025 ба духтараш Озода Раҳмон унвони фахрии Корманди шоиста ва аз он пеш ордени "Шараф" (дараҷаи як) дод. Ба домодаш, Шамсулло Соҳибов, низ ордени “Шараф” (дараҷаи II) додааст.

Эмомалӣ Раҳмонро, ки 34 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, барои тамаркузи қудрат ва таъйини аъзои оила ва хешовандонаш дар мақомҳои муҳими раҳбарӣ сахт танқид мекунанд.

Озода Раҳмон, духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Баъзе аз духтарони дигар ва домодҳояш ҳам дар идораҳои давлатӣ мақомҳои гуногун ва баландро соҳиб шудаанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Оё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕО