Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо - Tashkent Grand Slam 2026, ки дар маҷмааи варзишии “Ҳумо-Арена”-и пойтахти Узбекистон ҷараён дорад, медали биринҷӣ ба даст овард.
Паҳлавони 23-солаи тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 дар вазни то 66 кило, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм намояндаи Украина Назар Висковро мағлуб намуд. Аммо Эмомалӣ дар чаҳорякфинал аз Шинсей Ҳаттории ҷопонӣ мағлуб гашт. Дар даври тасаллобахш бар Роналд Лимаи бразилӣ пирӯз шуда, дар мубориза барои ҷойи сеюм Валерио Аккоглиро аз Италия шикаст дод ва соҳиби нишони биринҷӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 1500 евро гардид.
Эмомалӣ Нуралӣ соли гузашта дар ин мусобиқа ҷойи панҷумро касб намуда, солҳои 2023 ва 2024 дар Tashkent Grand Slam соҳиби ду медали тило шуда буд.
Дар рӯзи аввали мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026 паҳлавони дигари тоҷик Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60 кило мақоми панҷумро азони худ кард. Ин гуштигири 26-сола дар даври аввал бар Сидҳарз Рават аз Ҳиндустон дастболо шуд. Баъдан бар Юлин Ма аз Чин ғолиб омад. Вале дар даври чорякниҳоӣ аз Аҳмад Юсуфови озарбойҷонӣ шикаст хӯрд. Дар даври тасаллобахш Мичел Аугустои бразилиро мағлуб кард. Аммо барои медали биринҷӣ аз Таики Накамураи ҷопонӣ шикаст хӯрд. Соли гузашта Меҳрзод Суфиев дар Тошканд ҷойи ҳафтумро соҳиб шуда буд.
Дар рӯзи аввали мусобиқа дар Тошканд ду намояндаи Тоҷикистон дар сабқати мардон ва се нафар дар сабқати занон ноком шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило дар даври аввал аз Лука Каделия (Гурҷистон) мағлуб гашт. Обид Ҷебов, ки ба сабқат аз даври дуюм пардохт, аз Абдуллоҳ Парчиеви русиягӣ шикаст хӯрд.
Аҳлия Муъминова дар вазни то 48 кило аз Улбусин Ҳакимова (Узбекистон) мағлуб шуд. Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кило, ки даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Холрудои Бишрелт (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) ва Александра Кан дар вазни то 57 кило дар даври аввал аз Вита Майданик (Русия) шикаст хӯрданд.
Ҳамин тариқ, дар рӯзи аввали мусобиқа 7 варзишгари тоҷик (4 мард ва 3 зан) рақобат карданд. Тоҷикистонро боз 10 варзишгар (9 мард ва 1 зан) муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар сабқати мардон Масъуди Аҳмадзод, Абдуллои Ориф (ҳарду дар вазни то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Абубакр Боқиев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Умар Расулов, Музамир Каримзода (ҳарду дар вазни то 90 кг), Парвиз Абдураҳмонов, Бахтовар Бобохонов (ҳарду дар вазни то 100 кг), Некрӯзшоҳ Некбахтзода (+100 кг) ва дар сабқати занон Виктория Киселёва (+78 кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ба иттилои сомонаи Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи Tashkent Grand Slam 2026, ки то рӯзи 1-уми март идома меёбад, 370 варзишгар (209 мард ва 161 зан) аз 39 кишвари чаҳор қора иштирок доранд
Дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти мусобиқоти мардону занон мунтахаби Ҷопон бо касби 7 медал (2 тило, 3 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Озарбойҷон бо касби 2 медал (1 тило ва 1 нуқра) ҷойи дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 2 медал (1 тило ва 1 биринҷӣ) ҷойи сеюмро азони худ кардаанд. Тоҷикистон бо касби як медали биринҷӣ ва як ҷойи панҷум дар ҷойи 9-ум қарор дорад.
Барномаи мусобиқа:
28-уми феврал (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
1-уми март (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо хоҳанд шуд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегардад. Дар ҳар як вазн ба ғолиб 5000 евро, барои ҷойи дуюм 3000 евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ супурда хоҳад шуд.