Отабек Умаров, домоди раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев шиносномаи Имороти Муттаҳидаи Арабро ба даст овард, дар ҳоле ки корманди хадамоти амнияти сардори давлат буд. Беш аз даҳ хона дар Дубай ба номи ӯ сабт шудаанд. Дар ин бора таҳқиқи Озодлик, Бахши узбекии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва Маркази таҳқиқи коррупсия ва ҷинояткории созмонёфта (OCCRP) нашр шудааст.
Соҳилреги барфвор сафед ва баҳри кабуд, бурҷҳои баланд ва киштиҳои гаронбаҳо. Бо инҳо Имороти Муттаҳидаи Араб пулдорони ҷаҳонро ба худ мекашад. Онҳо дар соҳили Халиҷи Форс хона мехаранд ва дар ин ҷо тиҷорат ба роҳ мемонанд. Таҳқиқи Dubai Unlocked бар пояи додаҳои дарзхӯрдаи идораи замини Дубай дар соли 2024 нишон дод, ки ҳазорон вилла ва хонаҳои қиматбаҳо ба сиёсатмадорони муҳим ва афроди таҳти таҳрим, маҳкумшудагони таҳти пайгард тааллуқ доранд. Аз ин ҷо суоле пеш омад, ки оё бозори хонаҳои бошукӯҳи ба як роҳи пинҳон кардани пули шубҳанок табдил наёфтааст?
Номи даҳҳо нафари марбут ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказ дар феҳристи моликияти ғайриманқули Дубай дида мешавад. Яке аз онҳо ба хонаводаи президент Мирзиёев дахл дорад.
Шиносномаи махфии Отабек Умаров
Бар пояи ҳуҷҷатҳои дастраскардаи Радиои Озодӣ ва OCCRP, Имороти Муттаҳидаи Араб ба Отабек Умаров, домоди президенти Узбекистон ва шавҳари духтари хурдии ӯ Шаҳноза Мирзиёева, шиноснома додааст.
Умаров, бино бар ин аснод, 19 апрели 2023 шаҳрвандии Иморотро гирифтааст, яъне замоне ки ҷонишини раҳбари хадамоти амнияти президенти Узбекистон буд. Илова ба ин дар феҳристи моликияти ғайриманқули Дубай 13 хона ба номи Умаров сабт шудаанд, ки нархи умумии онҳо наздик ба 6,7 миллион доллар аст. Ин маълумот бар пояи ҳуҷҷатҳоест, ки асолати онҳо дақиқ санҷида шудааст.
Миранда Патручич, сардабири OCCRP
Сардабири OCCRP Миранда Патручич мегӯяд, "низоми санҷиши аснод хеле ҷиддист ва ҳамаи маълумоте, ки дастрас мешавад, борҳову борҳо аз санҷиши як тими соҳбиихтисос мегузарад."
Душаҳрвандӣ ва масъалаи амният
Ба маълумоти пажӯҳишгарон, шиносномаи ИМА замоне ба Умаров дар Абу-Даби дода шуд, ӯ ҳамонон корманди расмии Хадамоти амнияти президент буд.
«Ин масъала бисёр ҷиддист. Узви хонаводаи ҳоким ва шахси масъул дар амнияти раисиҷумҳур шаҳрванди кишвари бегона мешавад. Суол пеш меояд, ки чаро? Чунин шахс бояд дар масъалаи садоқат ва тарҷумаи ҳолаш бозу рӯшод бошад. Мо намедонем, оё ӯ аз шаҳрвандии дувумаш ба мақомоти кишвари худ хабар дод ё на. Ҳамчунин муҳим аст, чун бо гирифтани шаҳрвандии хориҷӣ ин шахс ба Иморот савганди вафодорӣ хӯрдааст. Пас ӯ ба кӣ вафодор аст? Ба президенти Узбекистон ё ҳукумати ИМА?" — мепурсад Патручич.
Ҳангоми кор дар Хадамоти амният Умаров ҳамчунин ҷонпос ё муҳофизи шахсии президент Мирзиёев буд.
Кэтрин Путс, сардабири маҷаллаи The Diplomat
"Мансаби ӯ махфӣ набуд. Ва пайвандаш бо президент ҳам махфӣ набуд. Ба маҳзи ҳамин, тааҷҷубовар аст, ки домоди президент шаҳрвандии давлати дигарро мегирад. Ин ҷо суолҳое пеш меояд. Худи раванд чӣ гуна буд? Оё ин ҷо пул ҳам нақше дошт? Кӣ аз ин қазия огоҳ буд ва дар кадом пайт? Посухи ин суолҳоро надорам, вале чунин посухҳо хеле муҳим мебошанд," мегӯяд Кэтрин Путс, сардабири маҷаллаи Diplomat, ки дар Ҷопон нашр мешавад.
Хадамоти давлатии амнияти президент дар Узбекистон пас аз расидани Мирзиёев ба қудтар таъсис ёфта буд. Барои ин қонуни ҷудогонае қабул шуда, ҳимояи на танҳо ҷону амнияти президент, балки шарафу номуси ӯ низ ба ин ниҳод супурда шуд.
Отабек Умаров қариб шаш сол ҷонишини раиси ин ниҳод буд. На таъйин шудани ӯ дар соли 2018 ба ин мақом ва на истеъфояш дар соли 2024 расман эълон нашудаанд.
Ба ақидаи Лайло Саидбек, ҳомии ҳуқуқ ва раҳбари созмони Freedom for Eurasia дар Вена, дарёфти шаҳрвандии давлати бегона аз тарафи Умаров ҳангоми мансаби давлатии ӯ тибқи қонунҳои Узбекистон метавонад ҷавобгарии ҷиддӣ дошта бошад.
"Дарёфти шаҳрвандии давлати бегона бино бар қонунҳои Узбекистон лағви шаҳрвандии Узбекистонро ба дунбол дорад. Тибқи қонун шахс дар чунин ҳолат бояд дар давоми 30 рӯз ба мақомоти Узбекистон муроҷиат кунад. Шиносномаи хориҷӣ, тибқи қонунҳои ҳарбии ин кишвар сабаби барканорӣ аз мансаб буда метавонад. Ин ҷо сухан аз поймол кардани қонун ва қоидаҳои кор дар ниҳодест, ки ӯ ба он раҳбарӣ мекард," мегӯяд Саидбек.
Душаҳрвандии мамнӯъ
Қонунҳои Узбекистон барои душаҳрвандӣ ҷазои ҷиноӣ ё ҷаримаро пешбинӣ намекунанд. Вале бар пояи қонуни шаҳрвандии Узбекистон, чунин душаҳрвандӣ расман эътироф карда намешавад. Дар банди 25 ин қонун гуфта мешавад, дарёфти шаҳрвандии хориҷӣ яке аз сабабҳои аз даст додани шаҳрвандии Узбекистон аст.
Бар пояи банди 28 Қонуни хадамоти амнияти президент, кормандони он дар ҳоли хидмати воқеии ҳарбӣ мебошанд.
Пас аз гирифтани шаҳрвандии давлати бегона Отабек Умаров боз 587 рӯз, яъне зиёда аз 1 солу 7 моҳ ҳамчунон ҷонишини раҳбари Хадамоти амнияти президент буд.
Алишер Ильхамов, руководитель Central Asia Due Diligence
"Оё худи президент, ниҳодҳои ҳуқуқӣ, ба монанди додситонӣ, хадамоти амният хабар доштанд, ки ин шахс шаҳрванди як давлати бегона шудааст ва ба он давлат савганди вафодорӣ хӯрдааст? Агар хабар надоштанд, пас холигоҳи бузурге дар низоми амниятии Узбекистон ҷой доштааст. Вале агар хабар доштанд, пас шарики қонуншиканӣ будаанд," мегӯяд сиёсатшинос ва раҳбари маркази таҳлилии Central Asia Due Diligence дар Лондон, Алишер Илҳомов.
Савганд ба давлати хориҷӣ
30 апрели соли 2023, пас аз 11 рӯзи дарёфти шиносномаи Иморот Умаров ҳамчун ҷонпос президент Шавкат Мирзиёевро дар назархоҷии умумии қонуни асосӣ ҳамроҳӣ кард.
Дар видео ва аксҳои сафарҳои хориҷии Мирзиёев метавон дид, ки Умаров дар ҳайати вакилони Узбекистон на танҳо ҳамчун ҷонпос, балки шахси расмӣ низ ширкат кардааст.
2 декабри 2023 дар Дубай дидори Мирзиёев ва президенти ИМА шайх Муҳаммад бин Зоид Ал Наҳайён баргузор шуд. Ин 228-умин рӯзе буд, ки Отабек Умаров, ки дар ҳайат дида мешавад, шаҳрванди кишвари муқобилро дошт. Ин дар ҳолест, ки ӯ на танҳо ҳамчун ҷонпос, балки хешованди президент аз ҷузъиёти муҳимми ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ, саломатӣ ва вижагиҳои хислаташ огоҳӣ дошт.
Чӣ хел Умаров шаҳрванди хориҷӣ шуд?
Дақиқ нест, ки ба чӣ далел Умаров ба шаҳрвандии Иморот пазируфта шуд.
Бар пояи тағйиру иловаҳои соли 2021 дар Қонуни шаҳрвандӣ ва шиносномаи ИМА қишри муайяни хориҷиҳо метавонанд шаҳрванди ин кишвар шаванд. Инҳо: сармоягузорон, пизишкон, мутахассисони вижа, олимон, ихтиироъкорон, ходимони фарҳанг ва ҳунар ва ҳамчунин ашхоси дорои лаёқатҳои хос.
Аммо шаҳрвандӣ ба таври автоматӣ дода намешавад. Номзадҳоро ҳокимони аморат, идораи шоҳзодагони валиаҳд, шӯроҳои иҷроия ва девони вазирон пешниҳод мекунанд.
«Шаҳрвандии Имороти Муттаҳидаи Араб ба таври комил аз бозрасии мақомот, ҳокимони Иморот бастагӣ дорад. Шаҳрвандиро танҳо амир метавонад тақдим кунад," мегӯяд ҳуқуқшинос Лайло Саидбек.
Номзадҳои шаҳрвандӣ бояд ба шартҳои муайяне ҷавобгӯ бошанд. Онҳо савганди садоқат ва вафодорӣ мехӯранд. Ваъда медиҳанд, ки қонунҳои ин кишварро эҳтиром мекунанд ва дар ҳоли дарёфт ё бохти шаҳрвандии кишвари дигар вазифадоранд, ки мақомотро дар ҷараён гузоранд.
Лайло Нозгул Саидбек, раҳбари Freedom for Eurasia
"Шаҳрвандӣ барои доираи хеле маҳдуд ва барои хидматҳои шоиста пешбинӣ шудааст. Ин ҷо, албатта, сул пайдо мешавад, ки ин шахс [Умаров] чӣ хидматҳои шоистае ба Имороти Муттаҳидаи Араб пешкаш кардааст? Раванди қабули шаҳрвандони одӣ ба шаҳрвандӣ вуҷуд надорад," гуфт Лайло Саидбек аз созмони Freedom for Eurasia.
Робитаҳои Умаров бо ҳокимони араб
Ошкор нашуд, ки Умаров аз тарафи кӣ ба дарёфти шаҳрвандӣ пешбарӣ шудааст.
Аммо маълум аст, ки Умаров борҳо бо намояндагони хонадонҳои ҳоким бар Иморот мулоқот ва дар маъракаи онҳо ширкат кардааст.
24 марти 2019 Шавкат Мирзиёев нахустин сафари расмии худро ба Имороти Муттаҳидаи Араб анҷом дод. Дар байни ҷонпосони ӯ метавон Умаровро ҳам дид.
Пас аз дуним моҳ Отабек Умаров ҳамроҳи хонаводааш дар ҷашни арӯсии писарони амири Дубай шайх Муҳаммад ибн Рашид Ал Махдум ширкат кард.
Баъд аз тӯй Умаров аксҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард, ки дар онҳо бо валиаҳди Дубай дида мешавад. Ин валиаҳд ҳар сол дар мавсими шикор меҳмони Узбекистон мешавад. Дар шабакаҳо даҳҳо аксу видеои пешвозгирии валиаҳд ҳамчун меҳмони фахрии Умаров нашр шудаанд.
Бино бар таҳқиқи пешинаи Озодлик, ширкати FALCON HUNTING SOLUTIONS созмондиҳандаи ин шикорҳост. Молики ин ширкат Азизҷон Комилов раиси Федератсияи ҷудо ва шахси наздик ба Умаров аст.
23 сентябр Озодлик ба Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, ки Отабек Умаров ҳоло дар ин ҷо вазифаи ноиб-президенти аввалро ишғол мекунад, нома фиристод, ки оё ӯ шаҳрвандии иморотро гирифтааст. Ҷавобе наомад.
Бар пояи ҳуҷҷатҳои дастрасшуда Умаров аз шаҳрвандии Узбекистон даст накашидааст. Қонуни Иморот душаҳрвандиро маҳдуд намекунад.
Моликият дар Дубай
Дар феҳристи моликияти ғайриманқули Имороти Муттаҳидаи Араб гуфта мешавад, ки Умаров дар ин ҷо 13 хонаи люкс дорад, ки дар ду муҷтамаи истиқоматии Дубай ҷойгиранд. Нархи умумии онҳо наздики 6,7 миллион долларро ташкил медиҳад.
"Дар Ӯзбекистон мансабдорон эъломияи дороиҳояшонро пешниҳод намекунанд ва маълумот дар бораи чунин амвол барои омма дастрас нест. Ӯ ҳатто ба дархости мо барои шарҳ додан посух надод. Ин амвол бо кадом шартҳо ба даст оварда шудааст? Магар ӯ тавонистааст бо маоши як мансабдори давлатӣ чунин амволи ғайриманқулро харидорӣ кунад? Мо дар ин бора ва инчунин дар бораи шартҳои харид ҳеҷ гуна маълумот надорем. Аммо мо медонем, ки худи Умаров аксар вақт сарвати худро ба намоиш мегузорад. Масалан, ҳама бо аксҳое ошно ҳастанд, ки ӯро бо соатҳои хеле гаронбаҳо нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, чунин чизҳо бо тарзи ҳаёти ӯ мувофиқат мекунанд", — мегӯяд Миранда Патручич.
Хонаҳо пештар ба номи додараш буданд
То аввали соли 2025 хонаҳои Дубай ба номи додари Отабек Умаров, Ойбек сабт буданд. Вале дар феҳрист нишон дода нашудааст, ки ҳаққи моликият ба онҳо як шахс ба шахси дигар гузаштааст. Эҳтимол ин гузор ба воситаи миёнрав ё миёнаравҳо сурат гирифтааст. Аммо ин ҷузъиёт дастрас нест.
Номи Ойбек Умаров инчунин дар таҳқиқоти ҷаҳоние бо номи «Pandora Papers» (Ҳуҷҷатҳои Пандора), ки дар он тафсилоти ширкатҳои ӯ дар Ирландия оварда шудааст, пайдо шуд.
Таҳқиқи дигаре, ки аз ҷониби Озодлик дар тӯли шаш моҳ анҷом ёфт, нишон дод, ки Ойбек Умаров яке аз чеҳраҳои калидӣ дар империяи тиҷоратии «Humans» будааст.
Тибқи маълумоти феҳристи амволи ғайриманқули Дубай, Ойбек Умаров чанд сол пеш дар муддати кӯтоҳ дар Дубай якчанд хона харида, баъдан онҳоро ба номи бародараш гузаронидааст. Ҳуҷҷатҳо нишон медиҳанд, ки дар охири соли 2021 Умаров дар маркази шаҳри Дубай ду хона харидааст. Баъдтар, моҳи июни соли 2022, ӯ дар як рӯз ҳафт хонаро дар маҷмааи «Jadeel» харидорӣ намуд. Чанд ҳафта пас ӯ дар ҳамин маҷмаа боз чаҳор хонаи дигарро ба даст овард.
Ойбек Умаров бо модараш Гузал Умарова
"Озодлик" тавассути почтаи электронӣ бо тақрибан даҳ ширкате, ки аз ҷониби Ойбек Умаров таъсис ёфтаанд, тамос гирифт ва аз онҳо хоҳиш кард, суолҳоро дар бораи манзилҳо дар Дубай ба ӯ расонанд. Ин пурсҳо инчунин тавассути саҳифаҳои Telegram ва Instagram-и баъзе аз ин ширкатҳо фиристода шуданд. Расона ҳеҷ гуна посухе дарёфт накард. Ҳисоби Telegram-и ширкати "7FITNESS" рақами телефонӣ ё аккаунти расонаро масдуд кард, дар ҳоле ки ширкати "SOCIAL ACTIVE" паёмҳои фиристодашударо ҳазф намуд. Талошҳои тамос бо ширкатҳои "7FITNESS" ва "SOCIAL ACTIVE" тавассути телефон бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Тибқи санаҳои дар санадҳои бақайдгирӣ зикршуда, амволи ғайриманқул дар Дубай ба номи Отабек Умаров чанде пас аз он ба қайд гирифта шудааст, ки ӯ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти давлатии амнияти назди Президент озод гардид.
"Мансабдорони минтақаи мо барои пинҳон доштани дороиҳои худ, онҳоро ба номи хешовандон сабт мекунанд; ин як амали хеле маъмул аст. Агар ӯ пас аз гирифтани шиносномаи Имороти Муттаҳидаи Араб дороиҳоро ба номи худ гузаронида бошад, эҳтимолан чунин мепиндошт, ки ҳифзи онҳо дар мақоми шаҳрванди АМА осонтар ва амнтар хоҳад буд. Табиист, ки агар вазъ бад шавад ва ӯ мақоми худро аз даст диҳад ва дигар натавонад аз бародараш, худаш ё дигарон, хоҳ дар дохили Узбекистон ва хоҳ дар сатҳи байналмилалӣ, ҳимоят кунад, мусодираи он дороиҳо хеле мушкилтар мешуд", — мегӯяд ҳомии ҳуқуқи башар Лайло Нозгул Саидбек.
Феҳристҳои оммавии тиҷоратӣ нишон медиҳанд, ки дар давраи фаъолияташ ҳамчун муовини роҳбари Хадамоти амнияти давлатии назди Президент, Отабек Умаров ҳамчун молики ягон ширкат сабт нашуда буд.
"Шубҳаҳои ҷиддӣ дар бораи ихтилофи манфиатҳо ба миён меоянд. Маоше, ки ӯ ҳамчун муовини роҳбари хадамоти амният ва ҳоло ҳамчун муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ мегирифт, бешубҳа, барои харидани манзилҳо кифоя намекард. Ин маънои онро дорад, ки пул аз ҷои дигар омадааст. Манбаъҳои ин маблағҳо кадомҳоянд? Ин савол бояд ба таври ҷиддӣ ва қатъӣ матраҳ шавад", — чунин мешуморад Алишер Илҳомов.
Узбекистониҳо дар «Dubai Unlocked»
Ба андешаи мушоҳидагарон, Дубай, ки бо роздории молӣ ва андозҳои нисбатан паст машҳур аст, ба яке паногоҳҳои афроди пулдор табдил шудааст. Таҳқиқи OCCRP «Dubai Unlocked» дар соли 2024 ба ҳамин мавзуъ бахшида шуда буд.
«Dubai Unlocked» яке аз чанд таҳқиқест, ки аз ҷониби OCCRP ҳамоҳанг шуда, ба амволи ғайриманқул дар Дубай тамаркуз мекунад. Ин лоиҳа бар асоси маълумоти фошшуда дар бораи амвол дар Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (АМА) таҳия шудааст. Маълумоти мазкур нишон медиҳад, ки афроди гуногун, аз ҷумла аъзои гуруҳҳои ҷиноии муташаккил, мансабдорони гумонбар ба фасод, афроди муттаҳам ба қаллобӣ ва шахсони таҳти пайгард, дар Дубай соҳиби амволи ғайриманқул будаанд. Миранда Патручич, сармуҳаррири OCCRP, мегӯяд: «Ба ибораи дигар, доираи васеи одамон дар Дубай амвол доранд ва маблағҳои худро дар он ҷо сармоягузорӣ кардаанд».
Дар доираи ин таҳқиқ маълумот дар бораи беш аз 800 000 амвол дар Дубай, ки ба сиёсатмадорони таҳти таҳрим қарордошта, афроди гумонбар ба ҷиноят, мансабдорони давлатӣ ва инчунин наздикон ва шарикони онҳо тааллуқ доштанд, таҳлил карда шуд.
Таҳқиқот ошкор намуд, ки Алишербек Қодиров, писари собиқ Прокурори генералии Ӯзбекистон Рашидҷон Қодиров, дар Дубай соҳиби чаҳор дафтар (офис) бо арзиши умумии тақрибан 8 миллион доллар будааст.
Акнун номи Отабек Умаров дар ҳуҷҷатҳои марбут ба амволи ғайриманқул дар Дубай ба чашм мехӯрад.
"Афроде, ки ба низоми ҳоким наздиканд ва аз ин наздикӣ даромад ба даст меоранд, ба ҳамон низом он қадар эътимод надоранд, ки маблағҳои худро дар дохили он нигоҳ доранд. Онҳо дарк мекунанд, ки мавқеи имтиёзнок ё бартаридоштаи онҳо метавонад ҳар лаҳза поён ёбад ва боиси мусодираи дороиҳо, гирифтани маблағҳо ва ғайра гардад. Онҳо инро хеле хуб мефаҳманд. Чаро? Зеро худи онҳо борҳо чунин корҳоро анҷом додаанд. Онҳо медонанд, ки ин кор чӣ гуна сурат мегирад ва комилан огоҳанд, ки чунин хатар вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, нигоҳ доштани ҳар гуна дороӣ хатари ҷиддӣ дорад, хатаре барои ҳар кас, ҳатто барои онҳое, ки айни замон мавқеи имтиёзнок доранд ва аз он ҳамчун манбаи сарватмандшавии шахсӣ истифода мебаранд," — мегӯяд ҳомии ҳуқуқи башар Лайло Нозгул Саидбек.
Маълум нест, ки чаро Ойбек Умаров ин хонаҳоро ба номи бародараш гузаронидааст. Чунин интиқоли моликият дар асл қонуншиканӣ ҳисобида намешавад. Коршиносони соҳаи мубориза бо фасод ва шустушӯи пул қайд мекунанд, ки интиқоли дороиҳои арзишашон миллионҳо доллар байни афроди дорои нуфузи сиёсӣ метавонад таҳқиқи бештари манбаи маблағҳо ва муайян кардани соҳиби аслии амволро тақозо кунад.
"Медонед, Узбекистон кишваре нест, ки аз мансабдорони худ шаффофият талаб кунад. Дар ин кишвар низоми ҳамаҷонибаи эъломияи дороиҳо вуҷуд надорад — низоме, ки дар он мансабдорон тафсилоти даромад ва амволи худро ба ҷомеа ошкор кунанд ва шаҳрвандон бовар дошта бошанд, ки мансабдорон даромади ғайриқонунӣ намегиранд ё дороиҳоеро, ки бо маоши расмии худ харида наметавонистанд, дар ихтиёр надоранд ё ҳадди ақал метавонанд манбаи сарвати худро шарҳ диҳанд. Бинобар ин бале, мансабдорон одатан интизор надоранд, ки чунин маълумот ҳеҷ гоҳ ошкор шавад." "Аммо ҳолатҳои зиёде буданд, ки рӯзноманигорон дороиҳои хориҷии мансабдоронро ошкор кардаанд," — мегӯяд Миранда Патручич.
Дархостҳое, ки ба Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон оид ба мавқеи мансабдорони узбек нисбат ба шаҳрвандии хориҷӣ ва дороиҳои хориҷии Умаров фиристода шуданд, беҷавоб монд.