Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон аз даври нави қабули муҳоҷирон барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.
Сабтиноми муҳоҷирон барои ширкат дар имтиҳони кор дар Корея рӯзи 10-уми август баргузор мешавад. Ҳаққи сабтином 330 сомонӣ будааст.
Мақомот мегӯянд, барои ширкат дар имтиҳонҳои “EPS topik”, довталаб бояд аз 18 то 39-сола бошад, забони кореягиро донад, доғӣ судӣ надошта бошад ва қаблан аз Корея ихроҷ ё депорт нашуда бошад.
Дар хабари расмӣ омадааст, ки муҳоҷирон барои кор дар “бахши истеҳсолот” дар Корея ҷалб карда мешаванд. Дар бораи шарту шароит ва музди кор тафсилот дода нашудааст.
Дар пайи зиёд шудани фишор ва рейду санҷишҳои пулис дар Русия, муҳоҷирони тоҷик талош доранд ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ барои кор раванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Дар Русия маош кам." Тоҷиконро бо чӣ шарт ба Корея мебаранд?Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар як таҳлили худ гуфтааст, соли 2024 дар Кореяи Ҷанубӣ 6 ҳазору 339 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси визаҳои кӯтоҳу дарозмуддат қарор доштанд. Беш аз сӣ дарсади онҳо занон будаанд.
Ҳар сол ҳазорҳо сокини Тоҷиикстон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба хориҷа мераванд. Ҳарчанд мақомот пули фиристодаи онҳоро намегӯянд, созмонҳои байнулмилалии молие ба мисли Бонки ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки пули муҳоҷирон асоси рӯзгузаронии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст.
Навор дар Инстаграм: