EBRD стратегияи панҷсолааш барои Тоҷикистонро қабул кард

Даромадгоҳи қароргоҳи EBRD дар Лондон

Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (EBRD) рӯзи 3 октябр гуфт, ки барномаи стратегии панҷсола барои Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Ҳадафҳои стратегӣ барои тақвияти рақобатпазирӣ дар соҳаи хусусӣ ва мудирият равона меҳавад. Дар миёни бартариятҳои дигар сармоягузорӣ ба энержии боэътидол, нақлиёт ва зерсохторҳои шаҳрдорӣ мебошад.

Сомонаи бонк навишт, стратегияи нав марҳилаи панҷсолаи то соли 2030-ро дар бар мегирад ва ӯҳдадориҳои ин бонкро барои дастгирии тағйирот дар иқтисоди Тоҷикистон аз роҳи дастрасии фарогир ҳамроҳ бо сармоягузории молӣ ва сиёсати муколамаву ёрии фанниро дар бар мегирад.

Кори асосии ин барнома бо ширкатҳои тиҷоратии сатҳи миёна ва хурд вобаста хоҳад буд. Дар соҳаи энержӣ рушди энергияи "сабз" дар авлавият қарор мегирад.

Пешбиниҳои бонк ин аст, ки дар соли 2025 иқтисоди Тоҷикистон 7% ва соли 2026 - 5,7 дарсад рушд хоҳад кард.

Ҳаҷми ёриҳои молии бонк ба буҷаи Тоҷикистон дар доираи стратегияи панҷсола ошкор намешавад, вале бонк таъкид кардааст, ки то имрӯз дар ҳаҷми 1 миллиард доллар ба Тоҷикистон аз роҳи татбиқи 185 пружа сармоягузорӣ кардааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Олмон дар Ваҳдат беморхонаи кӯдаконаи зидди сил сохтАрзёбии нав: нерӯгоҳи Роғун қудратмандтар мешавадЧаро доллар дар Тоҷикистон арзон, вале камёфт шудааст?Тоҷикистон дар 34 соли истиқлолият ба ормонҳояш расид?