Зилзилаи шадид дар Тоҷикистон ва Афғонистон

Акс аз бойгонӣ.

Шаби 25 ба 26 декабр боз як зилзилаи сахт Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро такон дод. Маркази ин зилзила Ишкошими Афғонистон гузориш шуда ва шиддати он 6,2 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.

Шаби гузашта боз як заминларзаи шадид Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистонро такон дод. Зилзила соати 00:14, ба вақти маҳаллии Тоҷикистон рух дод ва тақрибан як дақиқа идома кард.

Ба иттилои Институти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, маркази зилзила дар 305 километрии ҷануб-шарқи шаҳри Душанбе, дар 50-километрии ноҳияи Ишкошими Тоҷикистон дар ҳудуди Афғонистон будааст. Зуҳро Нилобекова, як корманди Институти геофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикиистонон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шиддати ин зилзила дар Бадахшони Тоҷикистон 5 дараҷа дар шаҳри Душанбе 4 дараҷаи Рихтерро ташкил дод.

Маркази зилзиласанҷии Амрико, маркази зилзилаи шаби гузаштаро дар умқи 200 километрии кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Ишкошими Бадахшони Афғонистон -- дар 142 километрии ҷануби шаҳри Хоруғи Тоҷикистон гузориш додааст, ки нерӯи он 6,2 дараҷаи Рихтерро будааст.

Бархе аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "шадид" будани ин заминларза хабар додаанд. Зилзилаи шадиди шаби гузашта, ки минтақаро ба ларза даровард, боиси такони сахти биноҳо ва берун шудани одамон аз хонаҳояшон дар Душанбе ва дигар минтақаҳо шуд.

Ин барои бори савум аст, ки дар ду моҳи ахир бо чунин шиддат замин дар Тоҷикистон такон мехӯрад. Рӯзи 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, маҳалли вуқӯи ин заминларза дар наздикии Мурғоб буда, нерӯяш ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон тахриб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

Заминларзаи шаби 25 ба 26 декабр ҳамчунин дар шаҳрҳои Пешовар, минтақаи Кашмири Покистон ва Кобули Афғонистон ҳис шудааст. Дар шаҳри Исломободи Покистон бо вуҷуди сардии ҳаво, бархе аз сокинон аз тарси пасларзаҳо барои соатҳо дар берун аз хонаҳояшон мондаанд.

Дар моҳи октябри имсол низ зилзилаи 7,5 дараҷаӣ Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистону Ҳиндро ба ларза дароварда буд, ки дар натиҷаи он дар Покистону Афғонистон ҳудуди 400 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳанӯз гузориши дақиқе аз ҳаҷми хисорот ва талафот дар натиҷаи зилзилаи шаби гузашта дар Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон мунташир нашудааст. Аммо бархе аз расонаҳои покистонӣ навиштаанд, ки бар асари зилзилаи шаби гузашта, даҳҳо нафар дар минтақаҳои шимолии он кишвар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гузориши бахши покистонии Радиои Озодӣ, як марзбони он кишвар дар як постгоҳи сарҳадӣ дар марз бо Афғонистон бар асари суқути бом ба ҳалокат расидааст. Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 12 нафар захмӣ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтаанд.