Президенти Тоҷикистон ҳалли масъалаи марз бо Қирғизистонро "дастоварди таърихӣ" барои кишвараш дар соли 2025 хонд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 16-уми декабр дар паёми худ ба порлумон гуфт, муайян кардани хатти марз аз мушкилиҳое буд, ки давоми сад соли ахир идома дошт.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ҳамчунин аз имзои созиш миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии марзи се кишвар ёд кард.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин санад барои рушди минтақа ва "дӯстии абадӣ" заминаи ҳуқуқиро фароҳам кард.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1006 киломтер аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Борҳо дар нуқтаҳои баҳсӣ ҷанҷол сар зада, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомӣ ва сокинони маҳаллии ду кишвар шуда буд.
Тоҷикистону Қирғизистон баъди чандин ҷангу муноқиша дар марз моҳи марти имсол бар сари хатти он ба созиш расиданд. Мақомоти қирғизу тоҷик гуфтанд, ки имзои созишномаи марзӣ ба ин баҳсҳо хотима додааст.
Мақомоти тоҷик ҷузъиёти созишномаи марзиро бо Қирғизистон ошкор намекунанд, вале бархе аз мақомдорони Қирғизистон қисман ин масъаларо шарҳ дода, гуфта буданд, ҷонибҳо ба хулосае омадаанд, чанд роҳу деҳаи аҳолинишнро бо ҳам иваз карданд.