Қарор дар ин бора рӯзи 25-уми феврал содир шуд.
Ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон нисоби закотро 36 ҳазор сомонӣ таъйин кардааст. Аз ин пул бояд 900 сомонӣ закот дода шавад.
Фитри рӯза барои як нафар 8 сомонист. “Садақаи фитр танҳо ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад,” – гуфта шудааст дар қарор.
Шӯрои уламо барои касоне, ки узри шаръӣ доранд ва наметавонанд, рӯзаи моҳи Рамазонро бигиранд, 480 сомонӣ барои 30 рӯз фидя муқаррар кард.
Гирифтани рӯза аз рукнҳои панҷгонаи дини Ислом ба шумор меравад. Зиёда аз навад дарсад аз аҳолии Тоҷикистон пайрави ин дин ҳастанд, вале солҳои охир мақомот аз афзоиши ифротгароии динӣ нигарон буда, садҳо нафарро бо ин гумон дастгиру зиндонӣ кардаанд.
Созмону кишварҳои ғарбӣ пайваста аз Тоҷикистон мехоҳанд, ки мубориза бо ифротгароии исломӣ ва терроризмро барои саркӯби дигарандешон ва мухолифони низом истифода накунад.