Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт дар пайванд ба марги Судайси дусола, ки дар як кӯдакистони хусусии Душанбе ҷон бохт, ду корманди ин муассисаро ба 5 ва 6 сол зиндон маҳкум кардааст.
Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи огоҳ аз мурофиа гузориш дод, ки Рухшона Исматуллоева, мудири кӯдакистони хусусии "Суолу ҷавоб" ё "Почемучка" 6 сол ва мураббӣ Боғигул Раҳимова 5 сол ба зиндон маҳкум шудаанд.
Аммо ҳоло онҳо дар боздошт нестанд ва ба навиштаи манбаъ, бо назардошти ин ки "айбдоршавандаҳо кӯдакони ноболиғ доранд, додгоҳ иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандони онҳо ба таъхир гузоштааст".
Мақомот дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Судайси дусола рӯзи нуздаҳуми майи имсол дар кӯдакистони "Суолу ҷавоб" ба ҳалокат расид. Навори ҷон кандани кӯдак, ки дар панҷараи рахти хоб овезон ва банд монда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши зиёде ба миён овард.
Додситонӣ гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба 5 нафар, аз ҷумла ду корманди бахши иҷозатномадиҳии Вазорати маориф парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Онҳо ба иҷро накардани вазифа ва хунукназарӣ дар корашон муттаҳам мешуданд.
Назари волидони кӯдаки фавтида ба ҳукми додгоҳ маълум нест.