Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон тартиби нави дуохониро муайян кардааст.
Дар Тоҷикистон, ки беш аз навад дарсади аҳолияш мусалмон аст, гоҳе барои табобат, дурӣ аз чашми бад ё ҷинбарорӣ дуо мехонанд.
То кунун ҳар рӯҳонӣ метавонист, ки ба беморон дуо хонад.
Аз ин ба баъд чунин маросимро танҳо рӯҳониёни расмӣ метавонанд анҷом диҳанд. Яъне, аъзои Шӯрои уламо, сархатибҳо, имомхатибҳо, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, муовинони онҳо ва муаззинҳо.
Маросими дуохонии занон ва кӯдакон бе ҳузури шахсони маҳрами онҳо, яъне мардони хонавода, ба мисли падару бародар ва шавҳар манъ шудааст.
Тартиби нави гузаронидани дуохонӣ моҳи июни имсол аз ҷониби раиси Кумитаи дин ба имзо расида, онро хабаргузории "Азия-Плюс" 11-уми август нашр кард.
Афшини Муқим, сухангӯйи Кумитаи дин, рӯзи 12-уми август ҳадаф аз қабули тартиби навро "пешгирӣ аз муроҷиати сокинон ба муллоҳои ғайрирасмӣ" донист.
"Вақтҳои охир сокинон ба ном муллову фолбинҳое муроҷиат мекарданд, ки бо амалҳои худ шаъну эътибори рӯҳониёнро паст мезаданд. Ҳамчунин, танзими маросими дуохонӣ аз сӯи рӯҳониён ва ходимони динӣ дар сатҳи қонунгузорӣ буд," – афзуд ӯ.
Дар ҳоле ки мақомот ин қоидаҳоро барои ҳифзи шаҳрвандон аз ифротгароӣ ва қаллобӣ муҳим медонанд, нозирони ҳуқуқи башар онҳоро маҳдудияти шадиди навбатӣ ба озодии дин мешуморанд.