Ду узви баландпояи ҲНИТ аз ҳизб ва исломи сиёсӣ даст кашиданд

Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ хуруҷи ду узви баландпояшро тасдиқ кард ва гуфт, дар пайи ислоҳоти фарогири ин созмон мебошад.

Охири моҳи декабр Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов, ду узви Раёсати олии ҲНИТ эълон карданд, ки аз "исломи сиёсӣ канорагирӣ" мекунанд ва дигар ҳеч робитае бо Ҳизби наҳзат надоранд. Файзраҳмонов ва Қаюмов ҳамчунин гуфтанд, "исломи сиёсӣ дар ниҳоят ба бунбаст мерасад".

Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ дар баёнияе гуфт, 9-уми декабри соли 2025 гуруҳи корие иборат аз 6 узви Раёсати олии ин ҳизбро созмон дод, то "тарҳи ислоҳоти роҳбурдӣ ва фикрии ҲНИТ"-ро дар муддати се моҳ омода кунанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ҳам узви ин гуруҳи корӣ будаанд, ки ба навиштаи Ҳизби наҳзати исломӣ мунтазири анҷоми тарҳи ислоҳот нашуда, "канор рафтани худ эълон намуданд". Аммо номбурдагон дар як мусоҳибаи катбӣ рӯзи 1 январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, раванди тасмимгирии онҳо хеле пештар аз талоши ислоҳот, "тақрибан ду сол пеш" сар шуда, "натиҷаи арзёбии тӯлонӣ мебошад."

Намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ бидуни овардани ҷузъиёти мушаххас гуфтаанд, дар доираи ислоҳоти нав бояд "муносибати ҳаракат бо масоиле чун давлат, миллат, дин ва сиёсат" бознигарӣ шавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки Ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз соли 2015 фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст, чӣ тағйиротеро дар кори худ роҳандозӣ мекунад, вале тарки сафҳои он кардани аъзои шинохтааш ва қаблан дар як ҷунбиши дигар муттаҳид шудани чанде аз аъзои саршиноси онро мунтақидон нишонаҳои буҳрони амиқ дар ин созмон номиданд. Бархе аз мубоҳисони ин воқеа, ба монанди Мавлавӣ Муҳиддин Аҳмадов истеъфои Файзраҳмонов ва Қаюмовро ба буҳрони мудирият аз ҷониби раиси ҳизб Муҳиддини Кабирӣ нисбат медиҳанд. Вале ҳарду узви ҳамакнун собиқи раёсати ҳизб мегӯянд, тарки созмон кардани онҳо ба шахсиятҳо бастагӣ надорад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов ва Бобоҷон Қаюмов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "дар даҳаи навадуми асри гузашта, замоне ки ҳанӯз дар синни наврасӣ қарор" доштанд, узи ҲНИТ шуданд ва сабаби тасмими ахири "душвор ва сарнавиштсоз"-и онҳо "тағйир ё адами тағйири равиш ва хати машйи Ҳизби наҳзати исломӣ нест, балки ба қаноат ва ҷамъбасти фикрии мо дар бораи худи исломи сиёсӣ бозмегардад."