Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Русия ба ҳабс маҳкум кардаанд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Русия ду шаҳрванди Тоҷикистон – зани 65-сола ва марди 42-соларо бо иттиҳоми ғайриқонунӣ гузаштан аз сарҳад ба ҳабс маҳкум кардааст.

Ёвари додситони шаҳри Новотроитск ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтааст, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи даромадан ба хоки Русия маҳрум буданд, аммо ғайриқонунӣ сарҳадро гузаштанд.

Додгоҳ онҳоро ба 1 солу 3 моҳ ҳабси сукунатӣ маҳкум кардааст.

Анастасия Соботович, ёвари додситони шаҳри Новотроитск, ба расонаҳо гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар додгоҳ ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Радиои Озодӣ мустақилона онро тасдиқ карда наметавонад.

Русия макони асосии кору муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон, аммо дар ду соли гузашта Русия муқаррароти вурудро ба ин кишвар бисёр сахт кард ва қоидаҳои ҷазодиҳандаи зиёде ҷорӣ намуд.