Ба огаҳии Департаменти таъмини амният дар иншооти нақлиётӣ ва сайёҳии Узбекистон, ҳодиса 16-уми апрели соли равон рух додааст.
Парвози ҳавопаймои ширкати "Uzbekistan Airways", ки бояд мусофиронро аз Дубай ба Тошканд мебурд, ба далели вазъи номусоиди ҳаво ба таъхир уфтод. Яке аз занони мусофир ба ғазаб омада, ҷанҷол ва талаб кардааст, ки ӯро ба дохил роҳ диҳанд.
Ҳайати экипаж ва мусофирони дигар талош кардаанд, ӯро ором кунанд. Дар натиҷа зан бо яке аз мусофири дигар занозанӣ кардааст.
Пулис ҳар ду занро боз дошта ва парвоз низ ду соати дигар ба таъхир уфтодааст. "Uzbekistan Airways" гуфтааст, ин моҷаро ба ширкат беш аз 5 ҳазор доллар зарар расонд.
Департаменти таъмини амният дар иншооти нақлиётӣ ва сайёҳии Узбекистон ҳодисаро таҳқиқ карда, парвандаро ба додгоҳ фиристод. Ду зан хисороти ширкатро ҷуброн кардаанд.