Ду медали муштзанҳои ҷавони тоҷик дар қаҳрамонии Осиё

Фариноз Абдуллоева. Акc аз сомонаи Федератсияи бокси Тоҷикистон.

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола, ки дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия ҷараён дорад, ду медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар мусобиқа миёни муштзанҳои 19-сола Фариноз Абдуллоева дар вазни то 54 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Ин аввалин медали Тоҷикистон дар ин мусобиқа аст.

Фариноз дар даври аввал муштзани қирғиз Ширин Турсалиеваро мағлуб карда, ба нимфинал роҳ ёфт. Аммо ӯ дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз намояндаи Узбекистон Сабрина Чакоманова дар раунди дуюм шикаст хӯрд.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Хоҷамуъминҷон Холов дар байни 19-солаҳо дар вазни то 80 кило бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Муштзани тоҷик дар даври аввал бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Парк Сеҳун ғолиб омада, ба нимфинал роҳ пайдо намуд. Вале Холов дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз намояндаи Қазоқистон Тимур Тайбеков шикаст хӯрд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни муштзанҳои 19 ва 23-сола дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия то рӯзи 16-уми июл идома меёбад. Дар рақобатҳо 430 варзишгар аз 26 кишвари қора иштирок мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 11 муштзан дохил буданд, ки ҳафт нафар байни 19-солаҳо (духтарон: 54 кг - Фариноз Абдуллоева, 57 кг – Зарифа Ҳасанова; писарон: 50 кг – Аъзам Ҳасанов, 55 кг – Бахтовар Усмонов, 60 кг – Шарифхон Нуралиев, 70 кг – Муҳаммад Мамадалиев, 80 кг – Хоҷамуъминҷон Холов) ва чаҳор кас миёни 23-солаҳо (духтарон: 54 кг – Бибинишастамо Холова, 60 кг - Ҳангома Исоева; писарон: 60 кг – Дамир Муйбалихонов, 75 кг – Алишерихудо Холов) рақобат карданд.

Аз байни онҳо танҳо ду нафар – Фариноз Абдуллоева ва Хоҷамуъминҷон Холов - аз Ҷакарта бо медал бармегарданд.

Дар ин мусобиқа, инчунин Тоҷикистонро Мансур Муҳиддинов, довари дараҷаи байналмилалӣ, ба ҳайси ҳакам муаррифӣ мекунад.