Шиканҷа дар Тоҷикистон. 21 шикоят дар як сол
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бист шикоят аз шиканҷа дар ниҳодҳои вобастаи Вазорати корҳои дохилӣ ва як шикоят аз зӯроварии раиси ноҳияе дар Тоҷикистон. Эътилофи зидди шиканҷа мегӯяд, соли 2025 аз сокинон ҳамин миқдор арзу муроҷиат гирифт, вале номи шиканҷагарон, аз ҷумла раис ва аз кадом минтақа будани ӯро нагуфт.