Масъулони Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар Суғд мегӯянд, ҳоло синну соли ҳудуди 900 нашъаманди сабтиномгашта аз 31 то болотар аз 60 аст. Ва танҳо беш аз 150 нафар аз 18 то 30 сола мебошанд.
Акмал як нашъаманд аз Хуҷанд аст, ки 47 сол дорад. Вай мегӯяд, баъди таваллуди набераи нахустинаш дигар тасмимаш қатъӣ шуд, то табобат гирад:
“Гуфтам, ки акнун боз нашъа задан гирам, айбу шармандагӣ. Қариб 17 - 18 сол шуд, нашъа мезанам. Як рафиқам буд, ки соли гузашта раҳматӣ шуд, гуфт, ки ту ҳам як зан, зӯраш ҳаст. Аввал бӯй мекардам, 2 - 3 бор. Баъдан худ ба худам гуфтам, ки як сӯзан зада бинам, ҳамин хел сар шуда рафт. Ҳамааш аз ҳавою ҳавас сар шуд, аммо ба сарам сад хел, ҳазор хел дарду бало овард.”
Ба гуфтаи Акмал, оилааш иборат аз зану ду фарзанд дар ҳоли пош хӯрдан аст. Аз ин рӯ табобат аз нашъамандӣ барояш маънои ҳифзи оиларо ҳам дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нашъамандӣ "пир" намешавад
Ба маълумоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухадир дар вилояти Суғд, ба сурати умум, дар минтақаи шимолии Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нашъаманд расман ба қайд гирифта шудаанд. Бархе манобеи ғайрирасмӣ бар онанд, ки ин рақам ба воқеият рост намеояд ва шумораи нашъамандон аз ин бештар аст.
Ҷаъфар Исҳоқӣ, корманди Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Суғд мегӯяд, хушбахтона, солҳои охир шумораи нашъамандон рӯ ба коҳиш ниҳодааст: “Аз соли 2012 то ҳол гурӯҳи то 20 солаи нашъамандон кам шуда истодааст. Ин нағз, чунки чунин маъно дорад, ки сол то сол нашъамандони ҷавон кам ёфт мешаванд. Барои мисол, соли гузаштаи 2012 нашъамандони ҳамин синну сол 162 нафар буд, ҳол он ки ин теъдоди онҳо дар соли 2011 аз ҳафтод нафар зиёд буд. Ба навбати худ, он нашъамандоне, ки пеш ба қайд гирифта шуда буданд, сол то сол пиртар мешаванд. Чунки нашъамандӣ бемории сахт вазнин аст ва аз чанги он халос шудан бисёр мушкил мебошад. Соли 2011 дар вилоят нашъамандони синашон 60 ва аз он боло наздик ба 30 нафар буданд, соли гузашта 45 кас шуданд.”