Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 27-уми сентябр гуфт, тарҳи пешниҳодии Эронро дар мавриди бозкушоии тангӣ ё оброҳаи муҳими Ҳурмуз ва поён додан ба даргириҳо дар Ховари Миёна напазируфтааст.
“Онҳо мехоҳанд созиш кунанд ва ба фикрам, ин хуб аст. Ман ҳам созишро хуш дорам… вале ин пешниҳод барои мо пазируфтанӣ нест," – гуфт ӯ.
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар Маҷмаи умумии Созмони Милал гуфт, ин пешниҳод бо миёнравии Қатар ба Амрико расонда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати пазируфтани тарҳ, гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз метавонад дар ҳафт рӯз боз шавад ва даргириҳо поён ёбанд.
Ӯ афзуд: "Эрон ба воситаи Қатар ба Иёлоти Муттаҳида як тарҳи мушаххасро расонд. Агар шартҳои зарурӣ иҷро шаванд, гулӯгоҳ дар муддати ҳафт рӯз боз ва ҳаракати киштиҳо оғоз мешаванд. Ҳоло интихоб бо Иёлоти Муттаҳида аст."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доналд Трамп гуфт, "аҳволи Эрон бад аст"
Трамп рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, фишорҳои иқтисодӣ Эронро ба пешниҳоди боз кардани гулӯгоҳ водор кардааст: "Онҳо мехоҳанд гулӯгоҳи Ҳурмузро зуд боз кунанд. Медонед чаро? Чун вазъашон бисёр бад аст. Медонед чаро? Чун дигар пул ба даст намеоранд. Онҳо даромадашонро аз гулӯгоҳи Ҳурмуз мегиранд."
Иёлоти Муттаҳида зидди Эрон таҳримҳои сахти иқтисодӣ ҷорӣ кардааст, то ин фишор Теҳронро ба боз кардани гулӯгоҳи Ҳурмуз водорад. Танише, ки ҳафт моҳ боз идома дорад, интиқоли нафтро аз оброҳаи муҳим халалдор карда, ба иқтисоди ҷаҳон осеб расондааст.
Рӯзномаи "The Wall Street Journal" пештар аз қавли манобеаш навишт, ки Трамп ба рафторҳои Эрон бо шубҳа менигарад ва ба зердастонаш гуфтааст, пас аз интихоботи миёндавраии моҳи ноябр дар Амрико ҳамлаҳоро аз сар мегирад.
Исроилу Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ солҳост Эронро ба талош барои сохтани силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунанд. Эрон ин иттиҳомро рад мекунад. Масъуд Пизишкиён, президенти Эрон дар мусоҳибае бо шабакаи CBS гуфтааст, Теҳрон омода аст дар бораи барномаи ҳастаӣ ва масъалаҳои дигар гуфтугӯ кунад, вале "зӯргӯӣ" ё фишорро намепазирад.