Доналд Трамп гуфт, иҷрои Тарҳи Озодиро дар гулугоҳи Ҳурмуз бозмедорад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Доналд Трамп, президенти ИМА гуфтааст, амалиёти “Тарҳи Озодӣ”-ро, ки ҳадафаш кӯмак ба киштиҳо барои гузаштан аз гулӯгоҳи Ҳурмуз буд, муваққатан бозмедорад. Ӯ гуфтааст, бо пешниҳоди Покистон ва дигар кишварҳои минтақа ва бо ҳадафи расидан ба як созиши дарозмуддат бо Эрон чунин тасмим гирифтааст.