Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 8-уми октябр гуфт, Вашингтон бо Теҳрон гуфтугӯи "самарбахше" дорад ва пеш аз интихобюоти миёндавраии Амрико дар моҳи ноябр ба Эрон ҳамла нахоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин гуфт, Эрон дар "вазъи бисёр бад" қарор дошта, аз лиҳози иқтисодӣ ва низомӣ дучори мушкилот аст, зеро нерӯҳои ИМА муҳосираи баҳрии Эронро идома медиҳанд. Эрон дар гузашта ин иддаоро бепоя хондааст.
Трамп афзуд, бо вуҷуди идомаи таҳдидҳои амниятӣ дар минтақа, "танҳо шаби гузашта" 22 миллион бушка нафт аз гулӯгоҳи Ҳурмуз гузаштааст.
Оҷонси амнияти баҳрии UKMTO дар рӯзҳои ахир аз чанд ҳамла ба киштиҳо дар ин тангӣ хабар дод.
Бо ин ҳол, чанд соат пас аз изҳороти Трамп, рӯзномаҳои "The New York Times" ва "The Wall Street Jiurnal" дар бораи баррасии гузинаҳои нав барои ҳамла ба Эрон ва тақвияти ҳузури низомии Амрико дар Ховари Миёна гузоришҳое нашр карданд.
Бар асоси гузориши "The New York Times", Пентагон бо дастури раисиҷумҳури Амрико тарҳҳоеро барои ҳамла ба захираи ҳавопаймоҳои бесарнишин, таъсисоти энержӣ ва марказҳои низомии Эрон таҳия кардааст.
Теҳрон ва Вашингтон дар ҳафтаҳои охир ба ҳамдигар барои поён додан ба ҷанг пешниҳодҳои гуногуне мубодила карданд, аммо ду ҷониб ҳамоно дар масъалаи барномаи ҳастаии Эрон ихтилофи назар доранд.
Масъуди Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, дар ҳошияи нишасти Туркманистон ва дар суҳбат бо президенти Русия иттилоъ дод, ки кишвараш пешниҳодҳои нави хатми низоъро баррасӣ дорад.