Доналд Трамп аз Марк Фогел дар Кохи Сафед пазироӣ кард

Доналд Трамп бо Марк Фогел

Марк Фогел, омӯзгори амрикоӣ, пас аз севуним сол аз зиндоне дар Русия озод карда шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 11-уми феврал ӯро дар Кохи Сафед пазироӣ кард.

Трамп гуфт, ки Маскав рӯзи 12-уми феврал як амрикоии дигарро низ раҳо мекунад. “Фикр мекунам, ин метавонад як унсури бисёр муҳим, як қисми бузурги анҷоми ҷанг бошад,” – афзуд ӯ.

Марк Фогел гуфт, ки худро одами хушбахттарини рӯйи замин ҳис мекунад: "Мехоҳам ба Шумо расонам, ки ман қаҳрамон нестам. Президент Трамп қаҳрамон аст. Ин мақомдорони хадамоти дипломатӣ қаҳрамон ҳастанд. Вакилони мардумиву сенатороне, ки барои бозгардондану ҳимоят аз ман қонун қабул карданд, қаҳрамон ҳастанд. Ман аз ҳамаи онҳо қарздорам”

Фогел дар соли 2021-ум бо 17 грамм равғани бангдонаи ҳиндӣ дар фурудгоҳи Маскав дастгир шуда, бо ҷурми нигаҳдошт ва қочоқи маводи мухаддир ба муддати 14 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Вакили Фогел мегӯяд, истифодаи равғани бангдона барои табобат дар аёлати Пенсилвания иҷозат аст ва аз ин рӯ, номбурда бегуноҳ аст.

Раҳоии Фогел ба замоне рост омадааст, ки Трамп мехоҳад равобити Вашингтону Маскав беҳбуд ёбад.

Ӯ гуфт: "Русия муомилаи хуб нишон дод. Умедворам, ки ин як оғози эҳёи равобите хоҳад буд, ки ба мо имкон медиҳад, ҷангро хотима бахшем ва миллионҳо ҷавони дигар кушта нашаванд. Онҳо миллионҳо нафарро аз даст доданд. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ эҳтимлан якуним миллион сарбозро аз даст додаанд. Мо бояд ин ҷангро боздорем!"

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳоии омӯзгори амрикоӣ аз зиндоне дар Русия