"Шохаи Хуросон"-и гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти кушта шудани Забеҳуллоҳ Амирӣ, раиси иттилоот ва фарҳанги ҳукумати "Толибон"-ро дар Бадахшони Афғонистон пазируфтааст. Мақомҳои ҳукумати "Толибон" то кунун дар бораи ин иддао вокуниш накардаанд.
Хабаргузории "Франс Пресс" ба нақл аз "Siteintelgroup", созмони нозир бар фаъолиятҳои гурӯҳҳои мусаллаҳ, навишт, "Шохаи Хуросон"-и ДОИШ дар эъломияе иддао кардааст, ки нерӯҳои ин гурӯҳ Амириро дар як ҳамлаи мусаллаҳона ҳадаф қарор доданд.
Забеҳуллоҳ АмирӣАмирӣ рӯзи 28-уми июл дар масири Баҳорак-Файзободи Бадахшони Афғонистон, дар ҳамлаи ду фарди мусаллаҳи дучархасавор кушта шуд. Мақомҳои амниятии "Толибон" дар Бадахшон гуфтаанд, ки яке аз ҳамлаварон дар даргирӣ бо нигаҳбонони Амирӣ кушта шуд ва фарди дигар боздошт шудааст.
Толибон то кунун дар бораи иддаои ДОИШ вокуниши расмӣ нишон надодаанд. Вазорати иттилоот ва фарҳанги "Толибон" дар паёме, кушта шудани Амириро маҳкум кардааст.
"Шохаи Хуросон"-и ДОИШ пеш аз ин масъулияти ҳамла ба як тарабхонаи чинӣ дар Кобул дар моҳи январи имсол ва ҳамчунин ҳамлаи маргбор ба Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирони ҳукумати "Толибон"-ро дар соли 2024 ба уҳда гирифта буд.
"Шохаи Хуросон"-и ДОИШ яке аз ҷиддитарин таҳдидҳо алайҳи "Толибон" номбар мешавад. Ин гурӯҳ дар соли 2016 аз сӯи Амрико ҳамчун созмони террористии хориҷӣ сабт шуд.