Додугирифти Тоҷикистон бо Чин 844 миллион доллар зиёд шудааст

Додугирифти мол миёни Тоҷикистон ва Чин дар як соли гузашта ба 2 миллиарду беш аз 800 миллион доллар баробар шудааст, ки нисбат ба як сол пештар 844 миллион доллар зиёдтар будааст.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Чин ҳамоно аз рӯи гардиши молу маҳсулот бо Тоҷикистон миёни кишварҳо дар ҷойи аввал қарор дорад.

Тибқи омори ин ниҳод, соли 2025 аз Тоҷикистон ба Чин ба 523 миллион доллар маҳсулот содир шудааст. Аммо маҳсулоти воридотӣ хеле зиёдтар, беш аз 2 миллиарду 325 миллион доллар.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 12- уми феврал ба хабарнигорон гуфт, воридот аз Чин бештар аз ҳисоби мошинҳои барқӣ ё электромобилҳо афзоиш ёфт.

Бахши асосии электромобилҳо ҳоло ба Тоҷикистон аз ин кишвар оварда мешавад.

Тоҷикистон бештар маъдану консентрати металҳои гаронбаҳо ва сурбро ба Чин мефурӯхтаст.

Солҳои охир ин кишвар ба яке аз сармоягузорони бузурги иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Бахши асосии қарзии хориҷии кишвар ҳам аз Чин аст.