Додситонии Душанбе ба таҳқиқи навори озори наврас дар як кӯдакистони пойтахт оғоз кардааст.
Дар ин видео, ки 9-уми май ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки мураббии кӯдакистон як духтари хурдсолро бо шаппотӣ мезанад.
Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар хабарномае навишт, ҳодисаи мазкур санаи 7-уми май дар кӯдакистони рақами 12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рух додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ, додситонии пойтахт "нисбати мураббӣ ва дигар шахсони масъули муассисаи мазкур санҷиш"-ро оғоз кардааст ва пас аз анҷоми таҳқиқ ба ин амал "баҳои ҳуқуқӣ" дода мешавад.
Назари масъулини кӯдакистон ва волидайни наврас ба қазия маълум нест.
Пахши навори мазкур нигаронии корбарони шабакаҳои иҷтимоиро дар бораи шароити кори кӯдакистонҳои пойтахт ба миён овард. Соли гузашта Раҳим Саидзода, вазири маорифи Тоҷикистон ҳам "аз корҳои таълимию тарбиявӣ ва ободонӣ" дар баъзе кӯдакистонҳои Душанбе нигаронӣ карда буд.