Додситонии нақлиёти Тоҷикистон ба таҳқиқи қочоқи даҳҳо сангпушти нодир аз Фурудгоҳи Душанбе ба Фурудгоҳи Домодедовои Маскав шуруъ кардааст.
Хадамоти гумруки Русия рӯзи 3-юми июл аз кӯшиши интиқоли 476 сангпушти нодир аз Тоҷикистон ба Русия хабар дод. Ин ниҳод гуфт, як шаҳрванди Русия бо гумони қочоқи ин сангпуштҳо боздошт шудааст.
Зайнулло Шарифзода, раиси Фурудгоҳи Душанбе, 8-уми июл дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз расонаӣ шудани ин хабар Додситонии нақлиёти Тоҷикистон таҳқиқи қазияро шуруъ кардааст.
Ба гуфтаи Шарифзода, тибқи маълумоти пешакӣ ин сангпуштҳо рӯзи 27-уми марти имсол аз тариқи хати бағоч аз Фурудгоҳи Душанбе гузаронда шудаанд.
Раиси Фурудгоҳи Душанбе афзуд, масъули таҳқиқи бағочҳо кормандони идораи гумрук ҳастанд. Мавқеи идораи гумруки Тоҷикистон ба ин масъала аниқ нест.
Зайнулло Шарифзода афзуд, пас аз анҷоми санҷиши додситонии нақлиёт ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ медиҳанд.
Раиси Фурудгоҳи Душанбе мушаххасан нагуфт, ки агар ин сангпуштҳо 27-уми март ба Маскав бурда шудаанд, пас, чаро хабари он аввали моҳи июл расонаӣ шуд.
Ин аввалин мавриди қочоқ аз Фурудгоҳи Душанбе нест. Дар гузашта ҳам чанд ҳолати ғайриқонунӣ баровардан ё овардани мол аз тариқи Фурудгоҳи Душанбе расонаӣ шудааст. Аз ҷумла соли 2023 ду корманди Фурудгоҳи Душанбе бо иттиҳоми мусоидат дар қочоқи тило ба Ҳиндустон дастгир шуданд.