Додситонӣ қазияи "устухон фурӯ бурдани сарбоз"-ро таҳқиқ мекунад

Ғолибҷон Иброҳимови 23-сола сарбози қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода буд.

Ба думболи марги як навсарбоз дар ноҳияи Ҳамадонӣ, додситони низомии Тоҷикистон дастур додааст, қазияи дар бемористон ҷон додани ӯ ҳамаҷониба таҳқиқ шавад.

Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи як қисми низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 25-уми апрел ҷон бохтааст ва сабаби маргашро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфтаанд.

Ду манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 29-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Фирдавс Ҳаётзода, муовини додситони кулл ва додситони низомии Тоҷикистон ба Кӯлоб омадааст ва қарор аст, барои мулоқот ба хонаводаи Ғолибҷон Иброҳимов биравад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

“Очаҷон, устухон хӯрдам”. Паёми сарбоз ба модараш пеш аз марг

Навсарбози тоҷик, ки моҳи октябри соли гузашта ба хидмат рафтааст, ба гуфтаи худаш ҳангоми истеъмоли палав устухон фурӯ бурдааст ва афсарон бо вуҷуди дарди зиёд ба сиҳатии ӯ беэътиноӣ кардаанд.

Ҳодиса рӯзи рӯзи 6-уми апрел рух додааст ва Ғолибҷон Иброҳимов ва пас аз 19 рӯз ҷон додааст.

Ду манбаъ дар мақомоти интизомии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки додситони низомӣ дастури қатъӣ додааст, ки тамоми далелҳо дар бораи муоинаву муолиҷаи сарбози бемор дар шифохонаҳо таҳқиқ шавад. Маргу мири сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як масъалаи дарднок аст ва ҳамеша баҳси зиёдеро дар ҷомеа бармеангезад.