Баррасии парвандаи рӯзноманигор Думан Муҳаммадкарим, ки ба гумони "сармоягузории экстремизм" боздошт шудааст, дар Додгоҳи шаҳри Конаеви Қазоқистон идома дорад.
Додситон рӯзи 29-уми июл аз додрас хостааст, ки Думан Муҳаммадкаримро 7 сол зиндонӣ кунад. Ҳамчунин рӯзноманигор ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳрум карда шавад.
Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳабс қарор дорад. Ӯро ба "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод.
Дар сурати исботи ин айб Муҳаммадкарим мумкин аст, то 9 сол зиндонӣ шавад.
Даҳҳо ҷонибдори рӯзноманигор рӯзи 22-юми майи имсол дар назди Додгоҳи Конаев ҷамъ шуда, озодии рӯзноманигорро талаб карданд.