Як зани 62-сола аз ноҳияи Спитамен, саъй дорад, ҳукмеро беэътибор кунанд, ки ба сабаби он дар Русия азоби зиёде кашидааст. Элобат Оғалиқова, ки барои як ҳукми боздоште, ки дар ғайбаш содир шудааст, ҳафт моҳро дар боздоштгоҳҳои Русия ва Тоҷикистон сипарӣ кардааст.
Ӯро ба “зӯроварӣ ва таҳқири намояндаи ҳукумат” дар ноҳияи Спитамен муттаҳам дониста, амр додаанд, ки боздошт шавад, вале пайдо накардаанд. Ҳоло дар озодист ва амалкарди мақомоти интизомиро ноодилона мешуморад.
Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Додситон суол дод, ки оё дар ҷустуҷӯ буданатро медонистӣ? Гуфтам, не. Шиносномаро нишон додам. Баъд маро ба додгоҳ бурданд. Дар додгоҳ Санҷар Ашӯралиевро пурсиданд. Санҷар гуфт, ин зан маро зад. Додрас аз ман пурсид. Гуфтам, не, ӯро назадаам. Ба 62 даромадам, Қуръон занад, агар зада бошам."
Санҷар Ашӯралиев посбони собиқи ҳукумат дар ноҳияи Спитамен аст. Парванда ба ҷанҷоли ҳарду дар тобистони соли 2022 рабт дорад.
Элобат Оғалиқова: “Он замон ба шуъбаи умумии ҳукумат ноҳия рафта, гуфтам, ки ба қабули раиси ноҳия омадаам. Онҳо гуфтанд, аз посбон пурсед, агар иҷозат диҳанд, медароед. Ман рафта аз посбон Санҷар Ашӯралиев пурсидам, ки маро раис қабул мекунанд ё не? Вай дар ҷавоб маро ҳақорат кард. Маро мезадагӣ шуд. Ман гуфтам, маро мезанӣ? Биё, зан! Ман ба Санҷар даст нарасондаам.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Касеро назадам, номамро аз рӯйхат гиранд, ба Русия равам"
Аммо дар парванда омадааст, ки Элобат Оғалиқова соли 2022 ба намояндаи ҳукумат зӯрӣ ва ӯро дар назди дигарон таҳқир кард.
Оғалиқова мегӯяд, баъди ин ҳодиса ба Русия рафт ва бо кор машғул буд, вале мақомот дар Спитамен дар ғайбаш парванда боз карда, таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд. Бо ҳамин сабаб ӯро дар Русия дастгир кардаанд, шаш моҳ дар боздоштгоҳ нигаҳ дошта, сипас ба Тоҷикистон фиристодаанд. Назари Санҷар Ашӯралиев ба ҳодиса ва ҳукми додгоҳ маълум нест. Дар ҳукумати ноҳияи Спитамен ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ дигар кор намекунад ва афзуданд, ки сокинони ноҳияро ҳафтае ду бор бемамониат мепазиранд.
Ботуралӣ Ашӯрализода, раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Спитамен: “Шаҳрванде, ки бевосита барои гирифтани ёрии моддӣ ё мусоидат дар мавриди масъалаҳои дигар муроҷиат мекунанд, ҳамаҷиҳата баррасӣ мекунем. Ҳар як варақаи муроҷиат, ки бевосита ба қабули раиси ноҳия даромадааст, аз ҷониби шахсони масъул баррасӣ гардида, ба онҳо барои ҳаллу фасли масъалаҳояшон кумаки ҳамаҷониба расонида мешавад”.
Элобат Оғалиқова соли 2022 ба Радиои Озодӣ аз бадрафтории маъмурони милиса бо ӯ муроҷиат карда буд. Дар Тоҷикистон шикоят аз дағалгуфторӣ ва бадрафтории маъмурони милиса бо мардум зиёд аст, агарчӣ мақомот ин шикоятҳоро рад мекунанд. Ҳоло Элобат Оғалиқова саъй дорад, ки номаш аз рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ пок шавад, то ӯ тавонад барои дарёфти рӯзӣ боз ба Русия баргардад.