Додгоҳе дар шаҳри Димишқ раисҷумҳури сарнагуншудаи Сурия Башор Асадро дар ғайбаш ба эъдом ё қатл маҳкум кард.
Ҳукм рӯзи 11-уми август содир шуд.
Башор Асадро ба "ҷинояти ҷангӣ" ва "ҷиноят алайҳи башарият" гунаҳкор донистаанд.
Дар ин рӯз ҳукми қатли Моҳир Асад, бародари Башор Асад ва чанде аз чеҳраҳои ҳукумати пешини Сурия низ содир шуд.
Додгоҳ дар бораи Отиф Наҷиб, писари холаи Башор Асад, гуфтааст, ӯ "шуморе аз боздоштшудагонро шиканҷа карда, масъули марги бисёре аз онҳо аст" ва ба иттиҳоми куштори барқасдона ва шиканҷа ба қатл маҳкум мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳукуматҳои худкомае чун режими Башор Асад чӣ гуна суқут мекунанд?Ҳукумати 51-солаи Ҳофиз ва писараш Башор Асад дар Сурия моҳи декабри соли 2024 дар пайи пешравии чандрӯзаи шӯришиён бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ поён ёфт.
Башор Асад ва ҳамсару фарзандонаш он замон ба Маскав паноҳ бурданд ва зери ҳимояти ҳукумати Русия қарор доранд.
Ҳукумати Башор Асад наздик ба 12 сол бо мухолифонаш ҷангид. Дар натиҷаи ҷангҳои дохилии Сурия зиёда аз 600 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.