Додгоҳи Суғд марги Моҳитобонро "худкушӣ" номидааст, на "куштор"

Ҷасад ё пайкари овезони Моҳитобон Аҳмадоваро моҳи май дар хонааш пайдо кардаанд

Додгоҳи вилояти Суғд марги сокини ноҳияи Деваштич Моҳитобон Аҳмадоваро "худкушӣ" эътироф карда, ҳукми шавҳараш Муҳаммадзубайр Абдулфайзовро бетағйир гузоштааст.

Ин мурофиа рӯзи 25-уми ноябр ва бо талаби наздикони Моҳитобон баргузор шуд. Талоши мо барои гирифтани шарҳи додраси парванда рӯзи 27-уми ноябр натиҷа надод.

Саидбурҳон Аҳмадов, падари Моҳитобон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мурофиа танҳо ӯ ва ҳамсараш иштирок карда, аз тарафи домод касе наомада буд.

"Додрас аризаи шикоятии маро хонд. Вай гуфт, тафтиши дубора ягон далелеро, ки Моҳитобон аввал ба марг расонда шуда, сипас ба ресмон овехта шудааст, ба даст наовард," -- хабар дод ӯ.

Додгоҳи ноҳияи Деваштич моҳи октябри имсол Муҳаммадзубайр Абдулфайзовро бо гуноҳи ба худкушӣ расондани ҳамсараш, Моҳитобон, панҷуним сол ба зиндон маҳкум карда, аммо бар асоси Моҳи июни 2026 қабул ва нисбат ба зиёда 20 ҳазор нафар татбиқ шудааст тақрибан ду соли онро кам кард.

Ин донишҷӯйи 22-солаи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати бераҳмона бо ҳамсараш Моҳитобон ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои ӯ, аз ҷумла қатъи равуо ва гуфтугӯи телефонӣ бо аъзои оилааш, гунаҳкор дониста шуд.

Дар ҳукми Додгоҳи ноҳияи Деваштич, ки Радиои Озодӣ нусхаашро дорад, аз қавли Муҳаммадзубайр гуфта шудааст, ки ӯ боре ҳам ҳамсари худро назада буд, чун якдигарро дӯст медоштанд. Вале ӯ манъи рафтуои ҳамсарашро бо пайвандон эътироф карда, дар айни замон далел овардааст, ки модари ҳамсараш гуё ба зиндагии онҳо дахолат мекард.

Волидони Моҳитобон иддао доранд, ки эҳтимол фарзандашон кушта ва сипас ба дор овехта шудааст ва биноан талаб доранд, ки мақомот домоди онҳоро на бо иттиҳоми ба худкушӣ расондан, балки куштор муҳокима кунанду ҷазо диҳанд. Саидбурҳон Аҳмадов мегӯяд, аз хулосаи Додгоҳи вилояти Суғд розӣ нест ва дар ин ниҳод барояш гуфтаанд, ӯ метавонад ба зинаҳои болотар шикоят кунад.

Моҳитобон Аҳмадова бо Муҳаммадзубайр Адулфайзов соли 2023 издивоҷ карда, ду тифл ба дунё овардааст. Яке аз онҳо ҳамагӣ пас аз ду рӯз фавтида, дигаре тақрибан яксола аст.

  • Дар солҳои охир дар Тоҷикистон марги чанд арӯс дар хонаи шавҳар ҷанҷолӣ шудааст. Мақомот дар баъзе маврид пайвандони домодро гунаҳкор дониста, аз 5 то 7 сол зиндонӣ карданд.
  • Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 112 мавриди худкушӣ ё қасди худкушӣ аз сӯйи занону духтарон, аз ҷумла тақрибан бист ноболиғ сабт шудааст.
  • Як таҳқиқи Тақдиршоҳ Шарифов, доктори илми ҳуқуқ ва Меҳрубон Акбархон, омӯзгори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки соли 2025 нашр шуд, нишон додааст, 75 дарсади онҳое, ки сабаби худкушии занону духтарон шудаанд, мардон ҳастанд.