Додгоҳи Олмон ихроҷи Дилмурод Эргашевро ғайриқонунӣ номидааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи Олмон ихроҷи як паноҳҷӯйи сиёсии тоҷикро аз ин кишвар беасос донистааст. Дилмурод Эргашев, узви пешини “Гурӯҳи 24” ва Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, ду созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, моҳи ноябри соли 2024 аз Олмон ронда ва дар Душанбе 8 сол зиндонӣ шуд.