Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммадрофеъ Иззатуллозода, фарде, ки ба раиси Шӯрои уламо ҳамла кард, ба 26 сол зиндон маҳкум шудааст.
Додгоҳ ин ҷавонро дар терроризм, тайёрӣ ва ба ҷиноят ва одамкушӣ гунаҳкор кардааст. Назари Иззатуллозода ва наздиконаш ба иттиҳом маълум нест.
Рӯшан нест, ки онҳо аз болои қарори додгоҳ ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд ё не. Гуфта мешавад, ҷавони ҳамлагар 21-сола ва сокини шаҳри Норак аст.
Ба гуфтаи раиси Додгоҳи олӣ, Муҳаммадҷон Шодихонов, гумонбари дигар бо иттиҳомҳои терроризм ва шарикӣ дар ҷиноят ба 13 сол зиндон маҳкум шудааст.
Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Шодихонов ҳарчанд дар тарҳрезии ҳамла ба Сайидмукаррам Абдулқодирзода даст дошт, аммо дар лаҳзаи ҳамла ба муфтӣ дар ҷойи ҳодиса набуд.
Дар Додгоҳи олӣ гуфтанд, гумонбари севвум Қиёмиддин Файзуллоев барои хабар надодан дар бораи ин ҷиноят, 2 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Рӯзи 11-уми сентябри соли гузашта дар дохили Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ва дар байни намозгузорон ба муфтии Тоҷикистон бо корд дарафтода, пешонии ӯро захмӣ карда буд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон он замон ҳодисаро “авбошӣ” номид, вале баъдан худи муфтӣ онро кори дасти “гурӯҳҳои ифротӣ” хонд.
Ин ҳодиса вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.
Ҳамла ба Абдулқодирзода замоне рух дод, ки шарҳу паёмҳои ситезаҷӯёнаи зидди ӯ, махсусан пас аз ҳимояташ аз фишори мақомот ба ҳиҷоби исломӣ, ба авҷ расида буд.
Абдулқодирзода 61 сол дорад ва 14 соли охир раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар Тоҷикистон, аст.
Ӯ дар тӯли кораш дар ин мақом, ки зоҳиран ҷамъиятӣ, вале зери назорату итоати дастгоҳҳои давлатист, борҳо аз минбари масҷид алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ сухан ва ба ҳимоят аз ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон даъват кардааст.
Мухолифон ӯ ва ниҳоди зери раҳбарияшро барои сукут дар баробари мушкили диндорон, аз ҷумла ташкили масҷидҳову пӯшиши мазҳабӣ ва гузоштани ришу аз минбарҳо дур кардани рӯҳониёни шинохта танқид карда, баъзе аз гурӯҳҳои ифротгаро ба воситаи интернет ба ӯ таҳдид намуда буданд.