Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба баррасии парвандаи марги размикори тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов) оғоз кардааст. Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", мурофиаи аввал 25-уми май баргузор шудааст.
Дар курсии айбдорӣ 5 нафар нишастаанд. Гумонбари асосӣ Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб аст, ки ба "расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад" ва "авбошӣ" гумонзад аст. Дар сурати исбот шудани иттиҳомот ба Одинаев аз 12 то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Занозании гурӯҳӣ ва кордкашӣ, ки дар он размикори тоҷик Муҳаммадалӣ Саъдуллоев кушта ва ду каси дигар захмӣ шуд, шаби 11-уми январ дар шаҳри Кӯлоб рух дод. Шоҳидон он вақт ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, баҳс аз "як телефони мобилӣ сар шудааст".
Муҳаммадалӣ Саъдуллоев 18 сол дошт ва варзишгари навъи муҳорибаҳои омехта буд. Ӯ дар се соли ахир дар чанд мусобиқа дар дохил ва хориҷи кишвар ҷойи аввалро гирифтааст.
Муноқишаи наврасон дар Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Солҳои гузашта низ дар ин гуна иттифоқҳо чандин нафар куштаву захмӣ шуданд.