Додгоҳи Байналмилалӣ аз Тоҷикистон пурсидааст, ки чаро Путинро дастгир накард

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ ва ё Додгоҳи Кайфари Байналмилалӣ аз ҳукумати Тоҷикистон расман хостааст, ки сабаби боздошт накардани Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро дар Душанбе шарҳ диҳад. Владимир Путин, аз рӯзи 8-ум то 12-уми октябри соли гузашта дар Душанбе буд.