Додгоҳи вилояти Челябинск дархости соҳибкори тоҷик Ривоҷиддин Маҳмадовро барои барқарор кардани шаҳрвандияш дар Русия рад кардааст.
Ин зодаи Тоҷикистонро, ки дар канори Челябинск соҳиби бозори яклухтфурӯшӣ буд, соли 2025 аз шаҳрвандии Русия маҳрум намуданд.
Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ рафтори Ривоҷиддин Маҳмадовро “таҳдид ба амнияти миллии он кишвар” номида, аммо ҷузъиёт надодааст.
Ин соҳибкори зодаи Тоҷикистон аз додгоҳ хоста буд, ки хулосаи ФСБ-ро ғайриқонунӣ эътироф ва қарорро дар бораи беэътибор донистани шиносномаи русияш бекор кунад. Вай лағви шаҳрвандияшро дар Русия “як роҳи фишор” ба фаъолияти соҳибкории худ дониста буд.
Маҳмадов дар Тоҷикистон ба дунё омада, солҳои зиёд дар вилояти Челябинск кору зиндагӣ мекард. Зоҳиран мушкили ӯ бо сокинони маҳаллӣ ва мақомоти Русия соли 2023 ва пас аз ифтитоҳи бозори яклухтфурӯшӣ сар шуд.
Баъзе аз сокинон аз равуои зиёди мошинҳои борбар, буридани дарахту буттаҳо ва эҳтимоли афзоиши шумораи муҳоҷирони корӣ норозӣ буданд. Дертар мақомоти Русия Маҳмадовро ба соҳибкории ғайриқонунӣ гумонзад карданд, аммо худаш розӣ нест.
Байни Тоҷикистон ва Русия низоми душаҳрвандӣ ҷорист. Дар даҳ соли гузашта 800 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ шудаанд.