Додгоҳ аз бастани TikTok дар Амрико ҷонибдорӣ кард

Рамзи ТикТок бо парчами Чину Амрико

Додгоҳи таҷдиди назари ИМА дархости соҳиби TikTok-ро дар бораи набастани ин шабака рад кард.

Ҷо Байден, президенти Амрико, дар охири моҳи апрели имсол тарҳи қонунеро имзо кард, ки агар TikTok соҳибашро давоми нӯҳ моҳ дигар накунад, баста мешавад.

Додгоҳ даъвои ширкати ByteDance, молики ТикТок-ро дар бораи набастани ин шабака дар ИМА беасос донист.

Ҷонибдорони маҳдуд кардани TikTok мегӯянд, ин шабака ба амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида хатар дорад. Ба бовари онҳо, ҳукумати Чин метавонад аз ширкати ByteDance, ки молики ТикТок аст, маълумоти шахсии корбарон аз Амрикоро талаб кунад. Ин шабака иддаоро рад мекунад.

TikTok қонунро нақзи ҳуқуқи 170 миллион корбари ин шабака дар ИМА медонад.

Бар асоси қонун ин шабака бояд 19 январи соли оянда баста шавад. Дар сурати баста нашудан онро 850 миллиард доллар ҷарима интизор аст.

Доналд Трамп, президенти ИМА ваъда дода буд, ки ин шабакаро "наҷот" медиҳад. Ӯ 20-уми январ ба кор оғоз хоҳад кард. Дар ин сурат эҳтимол TikTok як рӯз дар Амрико баста шавад.