Афсари гумонзад ба марги сарбоз 10 сол зиндонӣ шуд
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Юсуф Мирзоевро дар марги сарбоз Шоҳдил Ҷӯразода гунаҳкор дониста, ба 10 сол зиндон маҳкум кардааст. Наздикони сарбози фавтида мегӯянд, бо қарори додгоҳ розӣ нестанд.