Дипломатҳои эронӣ мегӯянд, Теҳрон тангаи Ҳурмузро набастааст

Чанд соат пас аз таъкиди раҳбари нави Ҷумҳурии исломӣ дар бораи бастани тангаи Ҳурмуз, ду дипломати баландпояи Эрон эълон карданд, ки ин кишвар нияти бастани ин оброҳаи стратегиро надорад.

Амирсаид Айравонӣ, сафири Эрон дар Созмони Милал, рӯзи 12-уми март дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Теҳрон нияти бастани тангаи Ҳурмузро надорад, аммо таъкид кард, ки ҳифзи сулҳ ва амнияти он ҳаққи Эрон аст.

Ӯ ин изҳоротро дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ва дар посух ба пурсише дар бораи суханони Муҷтабо Хоманаӣ матраҳ кард. Раҳбари нави Эрон рӯзи 12-уми март дар нахустин баёнияи худ гуфт, "аз тангаи Ҳурмуз ҳамчун абзор бояд истифода шавад".

Сафири Эрон дар Созмони Милал ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, "қасд надорем тангаи Ҳурмузро бибандем, аммо ҳифзи сулҳ ва амният дар ин оброҳа ҳаққи зотии мост". Вай ҳамчунин дар баёнияе, ки пеш аз посух додан ба пурсиши хабарнигорон қироат кард, гуфт, "Эрон комилан ба асли озодии киштиронӣ эҳтиром мегузорад ва ҳамчунон ба он пойбанд аст".

Ин намояндаи Эрон дар СММ дар идома гуфт, "бо ин ҳол, вазъияти кунунӣ дар минтақа, аз ҷумла дар тангаи Ҳурмуз, натиҷаи истифодаи қонунии Эрон аз ҳаққи дифои машрӯи худ нест, балки ин вазъият натиҷаи мустақими иқдоми бесуботкунандаи ИМА аст".

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, низ дар мусоҳиба бо як барномаи телевизиони Эрон тасдиқ кард, шуморе аз кишварҳо хитоб ба Ҷумҳурии Исломӣ гуфтаанд, ки чаро тангаи Ҳурмузро бастааст ва иддао кард, "тангаи Ҳумруз ба сабаби эҷоди ноамнӣ аз тарафи Амрико ва Исроил баста шуд, на ин ки мо бибандем".

Тангаи Ҳурмуз яке аз муҳимтарин гузаргоҳҳои энержии ҷаҳон аст ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи нафт ва гази содиротии ҷаҳон аз ин масир мегузарад. Сипоҳи посдорони Эрон дар рӯзҳои охир ҳамлаҳоро ба киштиҳо дар ин оброҳа бештар кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати молияи Амрико эълон кард, ҳар вақте ки аз назари низомӣ имконпазир бошад, нерӯҳои баҳрии Амрико эҳтимол ҳамроҳ бо як эътилофи байнулмилалӣ киштиҳоро дар тангаи Ҳумруз ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Скотт Бессент рӯзи 12-уми март дар мусоҳиба бо шабакаи Sky News гуфт, "фикр мекунам ба маҳзи ин ки аз назари низомӣ имконпазир шавад, нерӯи баҳрии Амрико эҳтимолан бо як эътилофи байнулмилалӣ, киштиҳоро ҳамроҳӣ хоҳад кард".

Ӯ афзуд, тарҳи ҳамроҳии киштиҳо то замоне иҷро мешавад, ки Амрико "контроли осмонро дар ихтиёр дошта бошад... ва тавоноии Эрон барои бозсозии мушакҳо ба таври комил заъиф шуда бошад".