Қумрӣ Субҳонқулова бори дуввум аст бо умеди дарёфти исмаш дар рӯйхати муҳоҷирони авфшуда ба хадамоти муҳоҷират меояд. Аммо ин бор ҳам ӯро хабари хуше интизор нест. Исмаш ҳанӯз аз феҳрасти рондашудаҳо берун нашудааст. Қумрӣ Субҳонқулова соли 2014 барои аёдати наздиконаш ба Ватан баргашт ва бо ҳамин роҳаш ба Русия баста шуд.
Бо нияти ба по рост мондани ду фарзанд ва билохира халос шудан аз иҷорашинӣ, ин модари танҳо ҳашт соли пеш мисли садҳо муҳоҷири дигари тоҷик, роҳи Русияро пеш гирифт. Ӯ билохира ба ҳадаф расид ва акнун соҳиби як манзили хоксорона дар Душанбе аст ва фарзандонашро ҳам хонадор кард.
Аммо ин ҳама барои муҳоҷирзани тоҷик ба сахтиҳои зиёд бар ивази бедорхобӣ ва бе танаффус, мисли як даҳмарда кор карданҳо даст додааст. Холаи Қумрӣ дар ошпазхонае дар Маскав тамизкорӣ ва табақшӯи мекард. Ҷойи хобаш ҳам ҷойи кораш буд.
Вай мегӯяд, ки “муҳоҷират зану мардӣ надорад, ту бояд ба ҳама кор омода бошӣ. Ман аз соати 7 субҳ то 2-и шаб, ҳатто то 4 субҳ кор мекардам. Мушкили аввал дар Маскав ҳоло корёбӣ аст. Бар ивази як рӯзи кори мушкил, 300 рубл кор мекардам. То 18 соат кор карда, хаста мешудам. Пойҳоям аз кор мемонд. Баъди ин муҳоҷират дигар пойҳоям ҳам дардманданд.”
Мисли Қумрӣ Субҳонқулова ҳар ҳафта ба Хадамоти муҳоҷирати назди вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон беш аз 500 зан муроҷиат мекунанд. Муслима Мӯъминова, намояндаи Хадамоти муҳоҷират, мегӯяд, ки ҳамарӯза ба даҳҳо муҳоҷир дар бораи баста будан ё набудани роҳашон ба Маскав маълумот медиҳад. Ба гуфтаи ин масъули Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, то 1- 2 соли пеш исми занон дар рӯйхати рондашудаҳо камтар буд ва мушоҳида мешуд, ки нисбати занон, ба вижа занони кӯдакдор дар Русия хотирбинӣ мешавад, аммо тайи як соли ахир рӯйхати рондашудаҳо аз занон ҳам пур шудааст.
Ба гуфтаи Муслима Мӯъминова, ”аслан занони аз 21 то 45 сола ба муҳоҷират мераванд. Аксарият занони танҳоянд ва гурӯҳи дигар ҳам оилаи муҳоҷиронанд, ки барои зиндагӣ дар Маскав пеши шавҳарони худ мераванд. Ва ҳоло заноне ҳам зиёданд, ки барои аёдати фарзандон ё шавҳарони муҳоҷири худ барои як муддати кӯтоҳ он ҷо мераванд. Вале аксари занон ҳам аз қонунгузориҳои Русия бехабаранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муқаддас, ки баъди чаҳор сол дубора мехоҳад ба Русия баргардад, мегӯяд, дар воқеъ аз қонунгузориҳои нави ин кишвар чандон огоҳ нест, аммо боз ҳам бояд баргардад, зеро аз бисёр чиз хабар надораду, аз маҷбурӣ меравад, чун шароиташ вазнин аст. Вай мегӯяд, ки хона надорад ва бояд соҳиби манзили худӣ бошад. Муқаддас афзуд, ки "ман чанд маротибае, ки ба Русия рафтам, аслан ягон кори осоне надоштам. Албатта он ҷо ватани мо нест. Рӯзи дароз кор карда хона меравӣ, як соат ҳам хоб накарда, маҷбур мешавӣ боз ба кор баргардӣ. Саломатӣ аз даст меравад, баъзан тамоми пули ба дастомада, барои табобат сарф мешавад.”
Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло 170 ҳазор занону духтарони тоҷик дар Русия қарор доранд. Занон аксаран дар ин кишвар дар мағозаву ошпазхонаҳо ба ҳайси фаррошу фурӯшанда кор мекунанд. Аммо онҳое ҳам ҳастанд, ки дар канори мардҳо дар сохтмонҳои Русия хиштрезиву деворзанӣ ҳам мекунанд. Оморе вуҷуд надорад, ки чанд зани тоҷик дар мулки ғурбат издивоҷ кардааст.
Аммо бино ба иттилои ахири Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Маскав, таваллуди фарзанд аз ҷониби занони тоҷик ҳам дар ин кишвар хеле зиёд аст. Ҳамзамон гоҳу ногоҳ хабарҳое ҳам ба чашм мерасанд, ки зане аз Тоҷикистон аз тарси пайвандони худ, фарзанди беникоҳашро партофтааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, занон аз қишри осебпазири муҳоҷирони тоҷиканд ва мавриди табъизу зӯроварӣ қарор мегиранд. Маҳз ба хотири мусоидат ва беҳтар шудани мушкили занони муҳоҷир, соли равон чанде аз созмонҳои кор пешниҳод доштанд, то ҳукумати Тоҷикистон як барномаи махсус оид ба занҳои муҳоҷир қабул кунад.
Аммо Адибаи Азиз, шоираи ҷавони тоҷик, ки чанд сол дар Маскав кору зиндагӣ кардааст ва як китоби шеъраш ҳам ба мавзӯи муҳоҷират ва занони муҳоҷири тоҷик бахшида шудааст, мегӯяд, заноне ҳам кам нестанд, ки дар сахтиҳои муҳоҷират муваффақ шудаанд ва Маскав бар хилофи матали маъруф ба ашкҳои онҳо бовар кардааст.
Ба гуфтаи Адибаи Азиз, занони зиёде, ки дар муҳоҷират қарор доранд, заҳматкашу мубориз ҳастанд. Онҳо таваккал карда, барои беҳбудии зиндагии фарзандони худ рафтанд ва ба мақсад расидаанд. Муҳоҷират онҳоро ҳушёру доно ва пуртаҷриба кардааст."
Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон қаблан бо анҷоми як пажӯҳиш гуфта буд, ки ки аксар занҳо маҳз пас аз гирифтани талоқ аз ҳамсарони худ тасмими ба Русия рафтанро мекунад, чун ба ин назаранд, ки танҳо дар муҳоҷират имкони тағийр додани зиндагиашонро доранд.